Sebiston new 2024 october
Аммаам аз рашк ҳаёти маро сӯхт
07.11.2024
ОИЛА.ТҶ
1922

Ятимдухтарам. Дар зиндагӣ ба ҷуз дарду азоб ва ранҷу хорӣ дигар чизе надидам. Сағера рўзи хуш намебинад гуфтани калонсолон беҳуда нест, мани ятим ҳеҷ аз ҳаёт наосудам, ки наосудам.

Ҷавоне аз пасам ҳамеша мисли Маҷнун кашола шуда мегашт. Дар гаппаронӣ усто буд, чунон суханҳои ширине мегуфт, ки духтар он тараф истад, дили санг ҳам обу адо шуда мерафт. Ҳарчанд кўшиш мекардам, ки ба гапҳояш аҳамият надиҳам, намешуд, вай боз аз сари роҳам мебаромаду қасам рўйи қасам мехўрд, ки дўстам медорад ва бе ман зиста наметавонад. Ростӣ, чӣ хел ишқашро қабул кардам, худам ҳам намедонам.

Хулоса, Лайлию Маҷнун шуда мондему ин овоза ба гўши аммаам расид. Аммаам, ки духтари худашро ба ҳамон ҷавон додан мехост, аз рашку алам оташ гирифта, муқобили муҳаббати мо баромад. Ҳамеша таҳдидкунон мегуфт, ки то вай зинда аст, намемонад, ки ман ба он бача расам. Азбаски дилам аз ошиқам пур буд, ба гапҳои аммаам аҳамият надода, дар дил орзуҳои ширини ошиқона мепарвардам. Хаёлан худамро дар хонаи дўстдоштаам бо тоҷи арўсӣ тасаввур карда, курта-курта гўшт мегирифтам ва лабонам беихтиёр моили табассум мегаштанд. Хушбахти ҷаҳон будам аз ишқ, бехабар аз он, ки тундбоди ғазаби аммаам тамоми орзуҳоямро дар як лаҳза решакан хоҳад кард.

Аммаам чун дид, ки бо таҳдиду зўрӣ намешавад, роҳи дигарро пеш гирифт ва назди модари ҷавон рафта, номи маро доғдор намуд.

Аламовараш он аст, ки аммаам, риштаи ҷонам ба модари дўстдоштаам гуфтааст, ки ман як духтари бероҳаам. Билохира аммааи беандешаам бо туҳмат моро аз ҳамдигар ҷудо кард, вале ба мақсадаш нарасид. Дўстдоштаам аз ман ҷудо шуда, духтари аммаамро не, балки як бонуи дигарро ба занӣ гирифт. Ошиқам маро тарк карду орзуву ормонҳоям ба хоки сиёҳ яксон шуданд.

Гиря ягона роздонам гаштааст. Ҳамеша шабу рўз оби дида мерезам ва дар рўйи ҷонамоз даст сўйи осмон бардошта, аз худованд илтиҷо мекунам, ки ҷазои аммаи туҳматчии бахтсўзамро диҳад!

Р. С.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД