sebiston july new
Амонатбонк бехонаҳоро соҳиби манзил месозад?
1855

Дар соли гузашта зиёда аз ду ҳазор занҳо барои рушди соҳибкории хурд дар кишвар бо пардохти ҳамагӣ 18 фоизи солона аз қарзҳои хурди “Амонатбонк” баҳра гирифтанд.

Сироҷиддин Икромӣ, Раиси БДА ҶТ “Амонатбонк” дар нишасти матбуотӣ ба саволи хабарнигори сомонаи “ОИЛА ТҶ” чунин посух гуфта, илова кард, ки дар маҷмӯъ дар соли 2021 барои занони соҳибкор ва сайёҳон 8,3 миллион маблағ ҷудо шудааст.

Дар давмои соли гузашта дар маркази аудитии бонк барои хунукназариҳо дар рафтаи фаъолият 21 нафар аз вазифаи ишғолкардаашон озод карда шуда, ба 205 нафар сарзаниш, 70 нафар танбеҳ ва қисми дигар огоҳӣ дода шуд.

"Аксари мизоҷон намехоҳанд, ки рақамҳои телефонашонро ба кормандони бонк пешниҳод кунанд, дар ҳоле, ки ин барои робитаи бонк ва муштарӣ нақши муҳим дорад. Дар соли гузашта танҳо 65 %-и муштариён розӣ шудаанд, ки рақамҳои телефони худро гузоранд", гуфт бо нигарони Раиси бонк дар нишаст. 


Сироҷиддин Икромӣ дар масъалаи “Қарз барои манзил” низ гуфта гузашт:
“Соли гузашта ба 34 корманди бонк қарзҳои “ипотеки” бо фоизи паст дода шуд. Мардум то имрӯз барои ин намуди қарз ба мо муроҷиат накардаанд, вале агар хоҳиш дошта бошанд, аз рӯи низомномаи қарзи ипотекӣ, ки аз 22 то 25 фоиз аст, қарз дода мешавад. Қарзи ипотекӣ ба мӯҳлати даҳ сол дода мешавад.”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД