35 years of independency
Андӣ боз дар Душанбе консерт медиҳад
30.09.2026
Oila.tj
173

Ситораи тобони санъати мусиқии эстрадии Шарқ - Андӣ Мададиён боз ба кишвари мо омада, барои мухлисони тоҷикистониаш консерт медиҳад.

Консерти Андӣ рӯзҳои 18 ва 19-уми ноябр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор хоҳад гашт. Чиптаҳои консерт аз 600 то 900 сомонӣ арзиш доранд.

Ёдрас мешавем, ки Андӣ Мададиён бори аввал соли 2004 ба Тоҷикистон омада, дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе консерт дода буд. Моҳи ноябри соли гузашта низ ин овозхони машҳури эронӣ ба Тоҷикистон омада буд.

Андӣ Мададиён аз зумраи овозхонҳои машҳури арманитабори Эрон буда, дар Амрико кору зиндагӣ мекунад, вале таронаҳои марғуби ошиқонааш кайҳо марзҳоро убур намуда, дар саросари ҷаҳон миллионҳо нафар мухлис дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД