formula
Анҷелина Ҷолии эрониро зиндон карданд
2578

 

Мақомоти Эрон Саҳар Табар, ситораи 22-солаи эрониро, ки бо аксу наворҳояш дар Инстаграм машҳур аст, барои куфр ва даъват ба хушунат дастгир карданд.

Саҳар Табар дар тамоми ҷаҳон ҳамчун дугоники ҳунарпешаи шинохтаи амрикоӣ Анҷелина Ҷоли маъруфият пайдо намуда, дар шабакаи Инстаграм ҳаводорони зиёди худро дорад. Ба қавли журналистони эронӣ барои монанд шудан ба Анҷелина Ҷоли Саҳар Табар 50 ҷарроҳии пластикиро паси сар намуда, худро 40 кг хароб кардааст, аммо худи Саҳар ин иддаоро рад карда, мегӯяд барои монанд шудан ба ситораи Голливуд ва ба даст овардани маъруфият ӯ ҷарроҳии биниро анҷом додаасту халос. Овозаҳо дар бораи то 50 маротиба анҷом додани ҷарроҳии пластикӣ ва 40 кг хароб шуданашро ситораи Инстаграм кори дасти матбуоти зард медонад. Нашрияҳои маҳаллӣ менависанд, ки маҳз акс ва наворҳои даҳшатноки Саҳар Табар дар шабакаҳои иҷтимоӣ боиси эътирозу норозигӣ ва шикояти мардум гаштаанд, аммо тарафдорони ин ситораи Инстаграм низ кам нестанд ва аз ӯ пуштибонӣ мекунанд.

Дини ислом ҳама гуна тағйироти сунъиро дар шакл ва андоми инсон гуноҳ мешуморад, зеро ин як навъ эътироз ба муқобили Худованд ва сурати атокардаи Офаридгор ба бандааш ба шумор меравад. Аз ин равзана бингарем, гузаронидани ҷарроҳии пластикӣ гуноҳи бузург маҳсуб меёбад, аммо...


Шарм медорам, ки назди хусуру хушдоманам рафта узр пурсаму занамро ба хона баргардонам.

 


Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷиҳати ҷарроҳии бинӣ ва ҳамчунин ҷарроҳии пластикӣ дар ҷаҳон ҷои аввалро ишғол мекунад. Дар ин кишвар ҳамасола то 200-ҳазор нафар амалиёти ҷарроҳии пластикиро анҷом медиҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД