Arzon march 2024
Моҷарои хона ва марги тифли 1-сола(Видео)
5705
Моҷарои хона ва марги тифли 1-сола(Видео)


Маҳфуза Умурзоқова, сокини ноҳияи Сабанд ба идораи сомонаи Оила.ТЧ муроҷиат карда, аз он шикоят намуд, ки хушдоман ва хоҳаршӯяш ӯро з хонае, ки бо хуни ҷигар бунёд карда буд, берун кардан мехоҳанд.

Ҷавонзан мегӯяд вақте ки ин хонаро бунёд намудем, ман ҳомиладор будам, вале ба ин нигоҳ накарда, бо шиками дамида қуму санг ва лою семент кашонда, баробари шавҳарам меҳнат мекардам, то ки фарзандонамсоҳиби як сарпаноҳ шаванд. Имрӯз, вақте ки хона тайёр шудааст, хоҳаршӯям онро муфтакак соҳиб шуда, маро бо фарзандонам ба хона роҳ намедиҳад.

Моҷарои Маҳфуза бо аҳли оилаи шавҳараш ба қавли худи ҷавонзан, баъди марги фарзанди сеюмаш оғоз ёфтааст. Ӯ мегӯяд хушдоман “ пул нест” гӯён иҷозат намедод, ки барои кӯдакам шир ё каша бихарам. Дар натиҷа кӯдак вақти дандонбарорӣ бемор шуда, ҳолаш чунон табоҳ гашт, ки аз даҳонаш коса-коса хун мерафт. Хушдомани Маҳфуза дар ягон донишкада таҳсил накарда бошад ҳам, аз пеши худ дар як рӯз 5-6 мароиба ба кӯдак ҳар хел сӯзандорӯҳо мегузарондааст.


Ба чунин комёбиҳои бузург мушарраф гаштани ҳунарманде, ки дар риштаи сотсиология таҳсил карда, пойдевор ё ба қавли киномотографистони Болливуд “Тага” надорад, дар ҳақиқат инқилоби ҳунарӣ буд.


Дар натиҷа ҳоли тифлак тамоман бад мешавад ва баъди 7-шабонарӯз кӯдакро дар ҳолати вазнин ба бемористон мебаранд. Бепарвоию хунукназарии табибону бераҳмии хушдоман оқибат боиси марги ин тифлаки бегуноҳ ва сарсонию саргардониҳои модараш бо ду фарзанди кӯчаки дигар гаштааст.
Беҳтараш биёед сарнавишти талхи ин занро аз забони худаш бишнавем. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД