goodwell
Ангеловский сармураббии тими миллии Тоҷикистон таъйин гардид
01.05.2026
Oila.tj
30

Мутахассиси 49-солаи македонӣ Игор Ангеловский сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ дастаро барои қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, омода мекунад.

Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ дода, гуфта мешавад, ки қаблан Ангеловский мунтахаби Македонияи Шимолиро роҳбарӣ карда, онҳоро дар соли 2020 бори аввал ба марҳилаи ниҳоии Чемпионати Аврупо баровардааст.

Дар сатҳи бошгоҳӣ Ангеловский бо «Работнички» дар мавсими 2013/14 қаҳрамони Македонияи Шимолӣ гашта, ду маротиба Ҷоми кишварро (2013/14 ва 2014/15) ба даст овардааст. Ӯ инчунин дар дастаҳои «Горитса» (Хорватия), «Каспий» (Қазоқистон) ва «Этникос Ахнас» (Кипр) кор кардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД