arzon replenishment
Ҷанҷоли лафзӣ бо тирпарронӣ анҷом ёфт
823

Муноқишае, ки дар вилояти Москваи Федератсияи Россия байни як гурӯҳ муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва ӯзбек сар зад, бо тирпарронӣ ба поён расида, оқибатҳои хунинро ба бор овард.

Бар асари ин даргирӣ 3 нафар ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд. Ҷустуҷӯйи саркардаи гурӯҳ, ки ин ҷанҷоли хунинро ташкил кардааст, идома дорад.

Тибқи иттилои манобеъ, шоми 25-сенятбр 3 мард бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бар асари тир хӯрдан ба шӯъбаи эҳёгарии беморхонаи маҳаллӣ интиқол дода шуданд. Зимни тафтишот маълум гашт, ки байни ду гурӯҳ муҳоҷирон, ки зодагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳастанд муноқиша сар задааст.

"Дар рафти ин моҷаро яке аз мардон камон ба даст гирифта, ҷониби ҳарифонаш чанд маротиба тир холӣ карда, баъдан аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст,”-ҳодисаро шарҳ дода мегӯяд Ольга Врадий, ёрдамчии калони роҳбари Раёсати марказии Кумитаи тафтишотии Россия.

Тибқи гуфтаҳои ин намояндаи Кумитаи тафтишоти Россия айни замон ҷустуҷӯйи саркардаи гурӯҳ, ки ба сӯйи рақибонаш тир холӣ кардааст, идома дошта, иштирокчиёни дигари ин муноқишаи хунин дастгир карда шудаанд.

Дар робита бо ин рӯйдод бо далели сӯиқасд ба куштор парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД