arzon replenishment
АНОНС: КЕЛИНИ ШАРТНОМАВӢ
3300

 

...Субҳи барвақт аз хоб хеста, наҳорӣ тайёр мекардам, хонаву дарро тамиз намуда, баъд ба кор мерафтам. Бегоҳ аз кор баргашта, пешбандакро мебастаму ғизои шом тайёр мекардам. Рӯзҳои аввали ба кор баромаданам хушдоманам ба ман фаҳмонд, ки маошамро оварда, ба дасти вай диҳам.

Дар хона танҳо ман кор мекардам, зеро шавҳарам пеш аз тӯй ба ман дурӯғ гуфта будааст, вай донишгоҳро дар риштаи бонкдорӣ тамом карда бошад ҳам, кор намекард. Хусурам ба вай мошин харида додааст, ки таксӣ зада зиндагияшро пеш барад...

Гулбаҳор Ғаффорова аз шавҳараш ҷудо шуд?

...Ба Душанбе расида, аз фурӯдгоҳ баромадам, ки дард дубора авҷ гирифт. Ба замин нишастам, зеро дигар роҳ гашта наметавонистам. Ёрии таъҷилӣ омада, маро ба Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ бурд. Вақте баъди ташхис ба ман гуфтанд, ки дар шумо нишонаҳои кӯррӯда дида мешавад, “шок” шудам. Охир, пагоҳ консерт доштам, мардум интизор буданд. Хулоса, маро ба утоқи ҷарроҳӣ бурданд ва ба таври лазерӣ ҷарроҳиро гузарониданд...

Рашки хонасӯзи хушдоман

...Бояд қайд намоям, ки дар давраи аввали оиладоршавӣ бо шавҳарам дар ҳавлӣ шӯхиву обпошӣ, хандаву бозӣ мекардем. Хушдоманам ҳамарӯза ин ҳамаро ба чашмаш медид. Фикр мекардам, ки хушбахтии фарзанд барояш муҳим ва аввалиндараҷа аст, вале хато кардам. Аз ҳар шӯхии мо табъаш хира гашта, бо баҳонае ҷанг мекарду гап намезад. Баъдтар фаҳмидам, ки хушдоманам рашк доштааст ва маҳз ҳамин чиз дар давоми чор моҳ писарашро хонавайрон кард. Рашки хушдоман оқибат боиси оилавайронии мо шуд...

Мадина Басаева: Аз Африқо кӯдакеро ба фарзандӣ

гирифтан мехоҳам

...Ӯ илова кард, ки дар ин кор ба Анҷелина Ҷолӣ, ҳунарпеша ва модели 45-солаи амрикоӣ, ки чанд кӯдакро аз Камбоҷаву Эфиопия ва Намибияву Ветнам ба фарзандӣ қабул кардааст, пайравӣ кардан мехоҳад. Дар идома Мадина афзуд, ки бо як блогери амрикоӣ шартнома бастааст ва пас аз хубтар шудани вазъи саломатиаш ба Амрико меравад. Феълан ӯ аз пастшавии фишори хунаш азият мекашад. Чуноне маҷаллаи “Forbes” иттилоъ медиҳад, Мадина Басаева дар рӯйхати гаронарзиштарин блогерони Русия зинаи дувумро касб мекунад...

Чаро Сафия аз ду шавҳар гурехт?

...Заррина аз таҳдидҳои модарам чунон ба ғазаб омад, ки маро таги мушту лагад қарор дода, то аз даҳону биниям хун ҷорӣ шудан сар надод. Хайрият апааш омада, ӯро ба берун бароварду дарамро аз пушт махкам кард. Дигар чизеро дар ёд надорам. Вақте чашмонамро кушодам, худро рӯи кати беморхона дидам, аз хиҷолат чашмонамро кушодан намехостам. Лекин касе маро чизе нагуфт, наздиконам танҳо маро меҳрубонӣ карда гуфтанд, ки зудтар сиҳат шавам...

Шарҳи пурраи ин ва дигар қиссаву хабарҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи 15-уми ҳафтаномаи “Оила”, ки санаи 21-уми апрели соли равон ба фурӯш баромад, мутолиа намоед. Шумораи тозанашри ҳафтаномаро аз дӯконҳои шаҳру ноҳияҳо дастрас карда метавонед.

Духтар мезоед ё писар?

Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи “Оила” бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба “Оила” занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ: 238-52-52

“Маро танҳо нагузор”

Хонандагони азиз, мо-аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Оила” тасмим гирифтем, ки шурӯъ аз соли 2021 қабули эълонҳоро ба маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” ба таври ройгон ба роҳ монем. Шуморо зарур аст, ки анкетаи дар ҳафтанома чопшударо хонапурӣ карда, ба идораи ҳафтанома биёред ё ирсол намоед. Ному насаби шумо дар идора махфӣ нигоҳ дошта шуда, эълони шумо бо рамз дар ҳафтанома чоп мешавад. Масъулият ва ҷавобгарии эълонҳо бар дӯши соҳибонашон гузошта мешавад. Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм дошта бошед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед, аммо касе дасти шуморо намегирад? Озурда набошед, маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Маврид ба зикр аст, ки то охири соли 2020 бо воситаи маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” зиёда аз 500 нафар оила барпо карданд ва аз интихоби худ розиву хушбахтанд. Умри инсон хеле кутоҳ аст ва онро набояд дар танҳоӣ сипарӣ кард. Ба ҳамин хотир, шитоб кунед, то бахти худро пайдо намоед. Суроға: хиёбони Саъдии Шерозӣ 16, бинои “Шарқи озод”, ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи “Оила”.

Оила ва Ислом

Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.

СМС-ҳои ошиқона

Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон “Оила” рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД