Arzon march 2024
Анонси шумораи №1-2-юми ҳафтаномаи “Оила”
3534

 

Дар шумораи №1-2-юми ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

Дар рубрикаи “То машҳур шудан” таҳти унвони “Аз помидорфурӯшӣ то сарояндагӣ” маводе аз зиндагии замони қаблии ҳунарманди шинохта Мубориз Усмонов, роҳҳои муваффақ шудан ва мавқеи имрӯзааш дар шоу-бизнеси тоҷик дарҷ гардидааст.

Дар саҳифаи 2 “Муҳимтарин навгониҳои Ютуб, ТИК-ТОК ва Инстаграм” пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳои ҷолибро аз олами шабакаҳои маъруфтарини интернетӣ таҳти сарлавҳаҳои “Суруди сеовозии се ситораи тобон”, “Орзуи блогери маъруф амалӣ шуд”, “Мазмуни наворҳои блогерон хуб мешавад, агар...” мутолиа намоед.

“Ман қотилам” сарнавишти зане аст, ки дар ҷавонӣ ба ҷавоне ошиқ шуда, маҷбурӣ ҳамсари ӯ мешавад. Тамоми ин солҳо аз ҷониби шавҳар бемеҳриву муносибати сард дида, билохира бо зани дигар муносибат доштанашро мефаҳмаду ғайриихтиёр сабабгори марги ин зан мегардад.

Дар рубрикаи “Ҳуқуқи ман” ба саволи хонандагон оид ба мушкилиҳои ҳуқуқӣ посухи мутахассисро пайдо кардан мумкин аст. Дар ин шумора ба саволҳои “Замини наздиҳавлигиро такроран гирифта метавонам?”, “Барои ному насаби ғалатшуда ба куҷо муроҷиат кунем?”, “Баъд аз маҳбас дар куҷо кор кардан мумкин аст?” ва “Барои буридани дарахт ба куҷо муроҷиат кунам?” посухи адвокат дода шудааст.

“Маслиҳатхонаи муҳоҷир” ба саволҳои нафароне, ки дар қаламрави Русия қарор доранду барои ҳифзи ҳуқуқҳояшон ба куҷо рафтану ба кӣ муроҷиат кардани худро намедонанд ва ниёз ба машварати ҳуқуқӣ доранд, аз ҷониби мутахассисон посухро мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Иродаи зан” дар бораи кору фаъолияти нонпази 72-сола Фариштамоҳ Ашӯрова, ки феълан дар гулгашти Ҳофизи Шерозӣ ба мардуми пойтахт хизматрасонӣ намуда, бо кулчаву чаппотиҳои тоҷикӣ хоҳишмандонро таъмин месозад, мавод дарҷ гардидааст.

 

Дар “Ошхонаи “Оила” сарояндаи ҷавону хушсадо Меҳронаи Хайриддин барои мухлисони худ ҳалвои тар омода месозад.

 

Дар рубрикаи “Суҳбати сари роҳ” фишурдаи суҳбати хабарнигори ҳафтаномаро бо актриса ва ҳунарманди ҷавону шинохта Марям Ализода мутолиа намоед.

 

Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” таҳти унвони “7 маҳсулоте, ки асабро ором месозад” ва “Имсол чӣ мӯд мешавад?” маводи тиббӣ ва маслиҳатҳои муфид оид ба асрори зебоӣ пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.

 

Дар саҳифаи 11 тақвими намоз барои моҳи январ дарҷ гардидааст. Ҳамзамон ба саволҳои “Талоқ бо хоҳиши падар” ва “Издивоҷ бо бевазан” посухро мутолиа намоед.

 

Дар рубрикаи “Номҳои тоҷикӣ” шумо метавонед номҳои духтарона ва писаронаро, ки бо ҳарфи “А” ва “Б” сар мешаванд, барои фарзанди навзоди худ интихоб намоед.

 

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!! 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД