Arzon march 2024
Анонси шумораи №15-уми ҳафтаномаи “Оила”
2307

Дар шумораи №15-уми ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

 

Дар рубрикаи “Иродаи зан” таҳти унвони “Дӯстдоштаи Худоям” аз зиндагинома ва фаъолияти эҷодии бонуи ҳунар Нигина Амонқулова мавод дарҷ гардидааст.

Сарлавҳаи рубрикаи “Назарпурсӣ” таҳти унвони “Фалак чарх дорад, келинҳо!” фикру ақидаи ҷомеаро оиди як мушкилоти хонаводагӣ, яъне муносибати келину хушдоман баён менамояд.

“Гушнамаст” сарнавишти зане аст, ки дар оилаи қашшоқе ба дунё омада, бо шарофати шавҳараш зиндагии серу пур насибаш мегардад, вале ба қадри зиндагии обод ва шавҳари хуб намерасад. Зан ҳангоми пирӣ хеле азоб мекашад, ҳатто фарзандаш ӯро суроғ намекунад, вале пушаймонӣ суд надорад.

“Умри боронӣ” зиндагиномаи занеро тасвир мекунад, ки саропо дарду алам аст. Қиссаи мазкур тарбиявӣ буда, занҳоро сари андеша даъват мекунад, ки бо вуҷуди сахтиҳои зиндагӣ зан бояд танҳо ба қувваи худаш умед баста, ҳамеша дар талош бошад.

Дар рубрикаи “Маслиҳатхонаи муҳоҷир” ба саволҳои нафароне, ки дар қаламрави Русия қарор доранду барои ҳифзи ҳуқуқҳояшон ба куҷо рафтану ба кӣ муроҷиат кардани худро намедонанд ва ниёз ба машварати ҳуқуқӣ доранд, аз ҷониби мутахассисон посухро мутолиа намоед. Ҳафтаи равон дар саҳифаи мазкур таҳти унвони “Тоҷикони шаҳрвандии Россия доштаро ба аскарӣ мебаранд?“ маводеро оид ба муҳоҷират ва мушкилоти он мутолиа намоед.

“Амакбачаи касиф” чунин унвон дорад қиссаи навбатӣ, ки дар саҳифаи шашуми ҳафтанома дарҷ гардидааст. Қисса воқеӣ буда, саргузашти занест, ки бо вуҷуди дар назди шавҳар поку бегуноҳ буданаш бо айби амакбачаи шавҳар шармандаву рӯсиёҳ мегардад. Қиссаи мазкур давомдор буда, идомаи онро дар шумораи ояндаи ҳафтанома мутолиа карда метавонед.

 

Донистан мехоҳед, ки ҳунарпеша, сароянда, шоумен, блогер, продюсер ё коргардони дӯстдоштаи шумо то машҳур шудан пайи кадом корҳо буд ва чӣ гуна зиндагӣ дошт? Пас, рубрикаи “То машҳур шудан”-ро пайгирӣ намоед. Дар шумораи навбатӣ дар бобати пайроҳаи эҷодии блогери шинохта Саидакбар Акбаров, ки бо тахаллуси "Додои Умедҷон" машҳур гаштааст, маълумоти аҷибро мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Суҳбати сари роҳ” оиди таҳсилу кор дар Чин, забономӯзиву забономӯзонӣ ва блогерӣ дар сӯҳбат бо Диловар Юлдашев таҳти унвони “Муаллими забони англисӣ бо тоқиву ҷома” мусоҳибаро мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” таҳти унвони “Қоидаҳои зебоӣ дар баҳорон” ва "5 беморие, ки дар баҳор авҷ мегиранд” маводи тиббӣ ва маслиҳатҳои муфид оид ба асрори зебоӣ пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.

Дар саҳифаи “Дин ва ҷомеа” ба саволҳои хонандагон таҳти унвони "Талоқи бе шоҳид", "Садақа аз номи дигарон", "Туҳфаи дуздидашударо баргардонам?", "Санги мазор" ва дигар саволҳо аз ҷониби мутахассисони Раёсати фатвои Маркази исломии кишвар посух дода шудааст.

Дар рубрикаи хобнома ба саволи "Мурдаро хоб дидан чӣ таъбир дорад?” бо истифода аз хобномаҳои исломӣ ва дигар хобномаҳои машҳури ҷаҳонӣ таъбири хоб ҷамъ оварда шудааст.

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагон таҳти унвони “Марги падар ҳам рашки модарамро паст накард”, “Янгаам ҷодугар аст? ”, "Никоҳи пинҳонӣ накунед!" дарҷ гардидааст.

Ин ва дигар матолиби ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД