sebiston july new
Анонси шумораи №8 ҳафтаномаи "Оила"
378

 

Дар шумораи №8 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагонро таҳти унвони “Янгаамро бахшида наметавонам.”, “Орзуи бахти дуюмро накунед, духтарҳо!”, “Кош, шавҳарамро зан нмедодам” мутолиа намуда метавонед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа таҳти унвони “Ҳар як хизматчии ҳарбӣ дар ботинаш Гурдофаридро мепарварад” маводе ба ифтихори рӯзи Артиши миллӣ таҳия гардидааст, ки дар он ба саволҳои хабарнигори ҳафтанома бонувони хизматчии ҳарбии Қушунҳои сарҳадӣ посух гуфтаанд.

Қиссаи “Касофати “марворидҳои сиёҳ” сарнавишти мардест, ки ҳангоми сафари хидматияш дар хориҷа бо зани сабукпое муносибати маҳрамона карда, гирифтори бемории вирусӣ мегардад. Ҳаваси яклаҳзаинаи мард ӯро ба вартаи худкушӣ мерасонад ва тақдири завҷааш низ хеле ҳузнангез анҷом меёбад.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои кутоҳи хонандагон дар мавзӯи динӣ саволу ҷавобҳои кутоҳ дарҷ гардидааст. Дар қисмати дигари саҳифа дар рубрикаи хобномаи исломӣ маводеро таҳти унвони “Пул хоб бинӣ, бой мешавӣ ё бадбахт?” мутолиа намоед.

“Ҷоду дар лӯхтак” дар бораи ба доми ҷоду афтидани зане навишта шудааст, ки аз рашки зани якуми шавҳараш оқибат гирифтори бемории руҳӣ гашта, вафот мекунад.

Дар қиссаи “Домоди ҳиллагар” сарнавишти марде рӯи қалам оварда шудааст, ки бо талаби волидонаш бо духтари холааш оиладор мешавад, вале дар асл духтари дигареро дӯст медорад. Баъди он ки бо роҳи ҳиллаву фиреб дӯстдоштаашро пинҳонӣ ба занӣ мегирад, акнун аз қаҳру ғазаби падар ҳарос дорад.

Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро таҳти сарлавҳаи “Аз консерти Валиҷон Азизов то “Дилак”-и Ёсуман Давлатова” мутолиа намоед.

Дар саҳифаи “Аз рӯзгори ситораҳо” таҳти унвони “Агар шавҳари баномус медоштам” мусоҳибаи Сарвиноз Юсуфиро аз барномаи “Ногуфтаҳо”-и Орзу Исоев мутолиа намоед.

Дар рубрикаи солимӣ таҳти унвони “Гипотония: сабабҳо ва хатарҳои пастшавии фишори хун” маводеро дар боби он ки модари оянда дар мавриди ҳомиладории аввал чиро бояд донад, маслиҳатҳои судмандро мутолиа намоед.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД