arzon replenishment
АНОНСИ ШУМОРАИ НАВИ ҲАФТАНОМАИ "ОИЛА"
02.03.2022
Оила
1398

Дар шумораи №9 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

 

Дар рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” дар бобати паҳн шудани овоза дар бораи шавҳар кардани сарояндаи ҷавону хушовоз Меҳрнигори Рустам ва овозаи дигар оиди дар шабакаи You tube нашр гаштани суруди нави рэпсаро Шон МС ва сару садоҳо атрофи номи ин ҳунарманд аст.

 

“Намакзада” қисса аз рӯзгори занест, ки ба доми марди алфонсу беномус афтида, ранҷу азоби зиёди руҳӣ мекашад.

Шумо ҷавону ошиқ ҳастеду мехоҳед чӣ гуна сурат гирифтани муносибатҳои ошиқонаи худро дар як моҳи оянда муайян намеод? Пас, рубрикаи толеъномаи ошиқона таҳти унвони “Ошиқонро моҳи март чӣ интизор аст?” пешкаши ошиқони ҷонфидо мегардад.

Ин шабу рӯзҳо ошиқони синаморо сериали туркии “Гулпарӣ” чунон мафтуни худ гардонидааст, ки ҳатто дар сари дастурхон сухан дар бораи ин зани берӯзӣ меравад. Мухлисони ин филми бисёр риққатовар сахт ба Гулпарпӣ дил баста, мехоҳанд дар бораи ҳаёти ӯ ҳарчӣ бештар бидонанд. Аз ҳамин хотир, бо хоҳиши хонандагони ҳафтанома мо баъзе сирру асрори Гулпариро барояшон мекушоем.

“Чаро Шукрбону калтакалос таваллуд кард?!” чунин унвон дорад қиссаи навбатӣ, ки инъикоскунандаи бетарбиягӣ ва бефаросатии як ҷавонзан аст.

Дар рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Чаро кӯдак месулфад” сабабҳои пайдоиши сулфаи атфол ва роҳҳои табобати он пешкаши модарон мегардад.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД