formula
АНОНСИ ШУМОРАИ НАВИ ҲАФТАНОМАИ "ОИЛА"
06.04.2022
Оила
741

Дар шумораи №14 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

 

Дар рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” яке аз мухлисони доимии ҳафтанома дар мавриди мусибати ба сари ҳунарманди кино Музаффар Шодиев омада пурсон шудааст. Овозаи дигар аз ҷониби хонандагон оиди тарки саҳна кардани сарояндаи маҳбуб Сироҷиддин Фозилов ба идораи ҳафтаномаи ирсол гардидааст.

 

Қиссаи “Бешараф” сарнавишти мардест, ки баъд аз марги дӯсти наздиктаринаш бо зани ӯ, ки замоне ба хоҳарӣ қабул карда буд, муносибатҳои ошиқона намуда, нафрати атрофиёнро меорад.

Дар саҳифаи 4 вақтҳои намоз аз 1-ум то 30-юми апрели соли ҷорӣ дарҷ гардидаасту дар саҳифаи 5-уми ҳафтанома дар маводи “Ҳикмати рамазон ва аркони рӯза, руҳонии шинохта ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода ба саволҳои рӯзадорон посух мегӯяд.

“Туҳмати зани амакамро чӣ хел исбот кунам” чунин унвон дорад қиссаи навбатӣ, ки аз дарди дили як духтарак аз ҷабру ҷафои зани амакаш навишта шудааст.

“Чаро Фирӯза Ҷумъаниёзова шавҳарашро аз мухлисонаш пинҳон мекунад” маводест, ки аз зиндагии шахсии сарояндаи паричеҳраву булбуловози узбек омода гардидааст.

Дар рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Чаро ангина дар фасли баҳор хурӯҷ мекунад?” сабабҳои сар задани ин беморӣ ва роҳҳои табобати он дар хона маълумот дарҷ гардидааст.

Рубрикаи “Асрори зебоӣ” бо маводи “Зан аз чӣ пир мешавад?” барои бонувоне таҳия мегардад, ки ҳамарӯза ба саломативу зебоии худ диққати хоса зоҳир менамоянд.

Дар қиссаи “Ба ҷои занам зиндонӣ шудам” сарнавишти марде дарҷ гардидааст, ки дучори бевафоиву хиёнати зани рус гаштааст.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД