formula55
Ҷанозаи ҳунарманди машҳур имрӯз баргузор мешавад
372

Яке аз сутунҳои санъати мусиқии тоҷик, фалаксаройи машҳур Давлатманди Хол дирӯз, 18-уми феврал дар синни 74 солагӣ аз олам чашм пӯшид. Ин ҳунарманди маъруф чанд вақт боз ранҷу азоби беморӣ мекашид.

Тавре ки Вазорати фарҳанги кишвар дар сомонааш хабар додааст, пайвандонаш санъаткори нотакрорро барои табобат ба давлатҳои гуногун бураанд, вале табибон ба дарди Давлатманди Хол дармоне пайдо карда натавонистаанд. Ду-се рӯз пеш ӯро аз Маскав ба Душанбе оварда, дар бемористони Қарияи Боло бистарӣ намуданд, аммо аз такудави табибони тоҷик низ муроде ҳосил нашуда, ҳунарманди маъруф дар бемористон аз олам даргузаштааст. 

Маросими ҷанозаи Давлатманд Холов, имрӯз вақти намози пешин дар Масҷиди Имом Абӯҳанифаи шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Баъдан, ӯро дар Оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд. 

Устод Давлатманди Хол 26 уми октябри соли 1950 дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ба дунё омада, ҳанӯз аз овони наврасӣ ба санъат рӯй оварда буд. Нахустин сурудашро дар синни 13-солагӣ дар сӯги падараш суруда, дарду аламҳои ҷигарсӯзи худро дар ин тарона бозгӯ намудааст, зеро навохтани асбобҳои мусиқиро аз қиблагоҳаш омӯхта буд ва натанҳо падар,балки аввалин устодашро низ аз даст дод.

Ҳамин тавр туфайли садои марғуладораш Давлатманди Хол байни мардум машҳур гашта, дар дили ҳазорон нафар дилбохтагони савту наво маъво гирифт ва ба қатори устодони санъати тоҷик дохил шуд.

Ӯ яке аз бунёдгузорони жанри фалаксаройӣ ба шумор меравад ва солҳои зиёде роҳбари ансамбли “Фалак”-ро бар дӯш дошт.

Лозим ба ёдоварист, ки Давлатманди Хол натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои дигари форсизабон низ ҳаводорони зиёде дошт. Марги ин ҳунарманди асил талафоти бузургест барои санъати тоҷик.

Аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТЧ аз даргузашти устоди санъати тоҷик, Давлатманди Хол андӯҳгин буда, ба аҳли оила ва пайвандони марҳум дар таҳаммули ин фоҷиа аз даргоҳи худованд сабри ҷамил мехоҳанд. Ҷойи устод Давлатманди Хол ҷаннати ҷовидон бод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД