Commerc banl
Ҷаъомади омӯзишӣ барои доварони Лигаи олии Тоҷикистон ҷараён дорад
20.02.2026
Oila.tj
80

Дар Душанбе ҷамъомади омӯзишӣ барои доварони футболи Тоҷикистон, ки дар мавсими нави чемпионати кишвар байни дастаҳои Лигаи олӣ кор мекунанд, идома дорад.

Бино баа иттилои ТВ “Варзиш”, дар машғулиятҳо доварони дараҷаи аввал - 13 довари марказӣ ва 24 ёвар иштирок мекунанд. Барномаи омӯзишӣ дарсҳои назариявӣ ва амалиро дар бар мегирад. Дарсҳои назариявиро дастурдиҳандаи Конфедератсияи футболи Осиё аз Ӯзбекистон Владислав Сейтлин мегузаронад. Доварон инчунин бозиҳои финалии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026-ро доварӣ мекунанд.

Дар баробари курсҳои доварӣ ҳамзамон семинари омӯзишӣ барои нозирон ҳам баргузор шуда истодааст. Дар мавсими нав онҳо фаъолияти доваронро дар мусобиқаҳое, ки таҳти сарпарастии Лигаи футболи Тоҷикистон баргузор мешаванд, назорат хоҳанд кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД