Ҳар сол дар арафаи Рӯзи Ғалаба хонаи холаи Мавлудапошшо серодам мешавад. Дар ин рӯз набераву абера, хешу табори дуру наздик, ҳаққу ҳамсоя ва меҳмонони зиёд аз шаҳр ва сохторҳои гуногун меоянд. Холаро аёдат карда, дуояшро мегиранд.
Мавлудапошшо гоҳ бо шодӣ, гоҳ бо ғам аз рӯзҳои талху ширини давраи ҷанг қисса мекунад. Ӯ он рӯзҳои наҳсу душворро хеле хуб дар хотир дорад ва аз ёд ҳам намебарорад. Зеро, чор писар, ду бародар ва як додарашро дар ин ҷанги хонумонсӯз аз даст додааст...
Ҳар боре, ки набераҳо ё меҳмонон меоянд, аз холаи Мавлудапошшо хоҳиш мекунанд, ки аз давраи ҷанг қисса кунад.
Мавлудапошшо суханвари хуб ҳам ҳаст. Ӯ он қадар зебо нақл мекунад, ки ҳар шунавандаро ба худ ҷалб месозад. Гоҳ мақол меораду гоҳ аз байту ғазалҳои шоирони классик қироат мекунад, ки ин барои зебову муассир баромадани суханонаш мусоидат менамояд.
Имрӯз ҳам набераву абераҳо ва меҳмонони омада аз бибӣ хоҳиш мекунанд, ки дар ин рӯзҳои иду айём аз қаҳрамониҳои насли замони худ қисса кунад. Ранҷу азобҳои давраи ҷанг кашидаашро гӯяд.
Мавлудапошшо бе хоҳиши онҳо ҳам давраи вазнину талхи ҷангро нақл мекунад. Охир, дилаш пур аз дарду алам аст... Чаро ҳам пур аз дарду алам нашавад, охир, 4 писараш барои расидан ба чунин рӯз қурбон шудаанд. Охир, ӯ барои якто нон то бегоҳ дар дашту саҳро кор кардааст. Охир, ӯ ҷудоиву фироқ ва марги чор ҷигарбанду ду бародару як додарашро таҳаммул кардааст...
Мавлудапошшо имрӯз ҳам чун ҳарвақта костюми пур аз ордену медалашро пӯшида, дар пешгоҳи хона нишаст. Як-як ба дастархони пур аз нозу неъмат нигариста, шукрона мекард, ки ба чунин рӯзи босаодат расидааст. Ӯ ба як нуқта дида дӯхта, ба фикр фурӯ рафт. Овози суҳбати меҳмонон фикрашро парешон намекард. Аммо, наберааш Сабурҷон "ҳа, бибиҷон, чиро ин қадар фикр доред?" гуфта, диққати Мавлудапошшоро ҷалб кард.
- Шукр мекунам,- гуфт бибӣ.
Меҳмонон, ки ғарқи суҳбати худ буданд, баробари ба сухан даромадани бибӣ ба ӯ нигоҳ карданд. Бибӣ бо тамкини ба худ хос каме сукут карда, афзуд:
- Шукр мекунам. Шукри тинҷиву оромӣ, сулҳу осоиш. Ман, ки рӯзҳои вазнини Ҷанги Бузурги Ватанирову ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро дидаам, ба ин ҳама неъматҳои бузург, ки асосаш сулҳу субот аст, шукрона мекунам. Имрӯз ба ин дастархони пурнозу неъмат нигоҳ мекунаму ҳамон дастархони солҳои ҷанг ба ёдам меояд...
- Эҳҳҳҳ,- оҳи чуқур кашид Мавлудапошшо.- Медонед, мо солҳои ҷанг ба серӣ хӯрок намехӯрдем, нони хелбахели гарму лазиз намехӯрдем. Ҳатто нони қоқи кайҳо обаш хушкида набуд, ки таматтуъ кунем. Аз саҳар то шом дар саҳро дар он рӯзҳои вазнин танҳо барои нон кор мекардем. Кӯдакон бо серӣ нон намехӯрданд. Онҳое, ки фарзандашон ё ягон пайвандашон ба ҷанг рафта буданд, ҳар соату ҳар лаҳза метарсиданд, ки мабодо хабари марги пайвандонашон наояд. Мабодо хати сиёҳе омада, рӯзи бе ин ҳам сиёҳашонро сиёҳтар накунад.
Мавлудапошшо чойи кайҳо хунукшудаашро нӯшида, гулӯяшро тар кард. Бибӣ ҳарчанд 102-сола бошад ҳам, тамоми воқеаҳои ҷанг дар хотираш хуб монда буданд. Ӯ ба ҳозирин нигариста, суханашро идома дод:
- Як дугона доштам. Мо бо ӯ аз хурдӣ дӯст будему ҳамеша аз ҳоли ҳам бохабар. Дар рӯзҳои шодиву ғам дар паҳлуи якдигар истода, ғамшарику шодишарик будем. Агар ман чор писарамро ба ҷанг, барои ҳимояи марзу буми Ватан фиристода бошам, ӯ писари яккаву ягонаашро ба ин ҷанги хонумонсӯз фиристода буд. Дугонаам се духтарчаи хурдсол дошт. Духтаронаш аз пушти камхӯрокиву набудани ғизои хуб лоғару бемадор шуда буданд. Ӯ ҳам мисли ман ба саҳро мерафту танҳо барои дуто нон аз саҳар то шом меҳнат мекард. Шиками калонсолонро бо нон фиреб карда мешавад, аммо кӯдакон бо нон қаноат намекарданд...
(Давом дорад)
Абдуғаффор ШОДИЕВ