Arzon march 2024
Қаҳри зан сари мардро хӯрд
1120


Мегӯянд сароғоз Худованд танҳо мард-Бобои Одамро фарида, биҳишт, яъне ҷаннатро бо тамоми нозу неъматаш ба ӯ ҳадя намудааст, вале ин тоҷи офариниш-Одам мудом норозиву хиҷил ва бо табъи гирифта мегашт.

Ба хотири хурсанд кардани Одам худованд аз қабурғаи чапи ӯ зан-Момо Ҳаворо меофарад. Табъи Бобои Одам бо дидани як мавҷуди дигар, ки шебеҳи худаш, вале зан буд, шод гашта, ба зиндагӣ дилгарм мешавад, вале тибқи ривоятҳо баъдан маҳз бо маслиҳати занаш Бобои Одам мева ё дони мамнӯъро хӯрда аз биҳишт ронда шудааст...
Аммо аз ҳамон вақт инҷониб зану мард мисли ду нимаи як пайкар, бе ҳамдигар зиста наметавонанд, ҳарчанд кашидани бори нози зан барои мард осон нест. Бадбахтона, гоҳо қаҳру ғазаб ва нозу арози зан ба сари мард ҳатто фоҷиа оварда метавонад. Ҳодисаи нохуш ва ногуворе, ки дар ноҳияи Ишкошим рӯй додааст, делили равшани ин гуфтаҳост.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз сар задани як ҳодисаи нохуш дар деҳаи Зугванди Ишкошим хабар додааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, як сокини 29-солаи деҳаи мазкур зани қасди худкушӣ доштаашро аз марг наҷот дода, худ ғарқ шудааст.
Дар хабар гуфта мешавад, ки ин зану шавҳар соҳиби 3 фарзанд буда, дар деҳаи Зугванд зиндагӣ мекардаанд. Байни зану шавҳар бо сабаби номаълум моҷаро сар зада, ҷавонзани 25-сола дар сари қаҳру ғазаб бо қасди худкушӣ худашро ба дарёи Панҷ ҳаво додааст.
Мард бо дидани ин манзара ба даҳшат афтида, худро ба оғӯши амвоҷи пурталотуми дарё ҳаво медиҳад, то модари фарзандонашро наҷот бахшад, аммо...
Ба марди зандӯстдор муяссар гаштааст, ки ҳамсарашро аз коми аждари марг раҳоӣ бахшида, ба соҳил барорад, вале худаш дар ин набард ҷон бохта, дар дарё ғарқ шудааст.
Ҷасади марҳумро сокинони деҳаи Вранги ҷамоати деҳоти Вранг аз дарёи Панҷ пайдо карда ба хешовандонаш супориданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД