Дар шаҳри Колкатаи Ҳиндустон қарор аст пайкараи 21-метрии футболбози машҳур Леонел Месси аз байн бурда шавад.
Бино ба иттилои расонаҳои ҳиндӣ, сокинони маҳаллӣ аз он нигарон шудаанд, ки муҷассама ҳангоми шамоли сахт ба ларзиш медарояд ва метавонад барои мардум хатар эҷод кунад. Санҷишҳои техникӣ нишон додаанд, ки пайкара устувории кофӣ надорад.
Ин муҷассама дар минтақаи Лейк-Тауни шаҳри Kолката насб шуда, аз нахҳои пластикӣ ва конструксияи оҳанӣ сохта шудааст. Ба гуфтаи расонаҳо, ҳангоми насби он баъзе иҷозатномаҳои зарурӣ низ пурра дастрас набудаанд.
Пайкара моҳи декабри соли гузашта дар доираи сафари “GOAT India Tour” ифтитоҳ шуда буд ва худи Месси ба таври маҷозӣ дар маросими рӯнамоии он иштирок дошт.