Қардоди ҳамкории тими “Истиқлол” бо ҳамлагар аз Нигерия - Шон Пол Камолафе ба поён расид. Тими “Истиқлол” тасмим гирифт, ки шартномаи меҳнатии анҷомёфтаро бо ҳамлагар Пол Камолафе тамдид нанамояд.
Дар ин бора ТВ “Варзиш” бо истинод ба дафтари матбуоти тими “Истиқлол” хабар дода, афзуд, ки бо ҳамин тартиб, футболбоз агенти озод гардида, фаъолияташро дар тими дигар идома медиҳад. Камолафе тобистони соли гузашта аз “Хуҷанд” ба “Истиқлол” гузашта, дар 15 бозӣ ба задани 8 гол даст ёфта буд.
Дар поёни мавсим Шон Поул Камолафе аз ҳайати "Хуҷанд" ва "Истиқлол" бо 12 гол беҳтарин нишонзани Лигаи олии футболи Тоҷикистон дониста шуд.
“Дастаи “Истиқлол” ба Пол Камолафе изҳори миннатдорӣ намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдааш муваффақиятҳои навро таманно менамояд”,- омадааст дар изҳороти бошгоҳи шаҳри Душанбе.