sebiston july new
Арзиши Рустам ба 1 миллион евро наздик шуд
1063

 

Рустам Ятимов, дарвозабони маъруфи тоҷик, дар ҳайати “Истиқлол” ва мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекунад, гаронарзиштарин дар Осиёи Марказӣ эътироф шуд.

Тибқи маълумоти “Transfermarkt”, ки арзиши футболбозони ҷаҳонро арзёбӣ мекунад, нархи Ятимов дар мавсими гузашта ба андозаи 150 ҳазор еврои дигар гаронтар шуд.

Арзиши умумии дарвозабони тими миллии Тоҷикистон 900 ҳазор евро гуфта шудааст, ки баландтарин нишондод миёни ҳамтоёнаш аз кишварҳои Осиёи Миёна мебошад.

Дар ҷойҳои баъдӣ варзишгарони Ӯзбекистон Абдувоҳид Неъматов ва Уткир Юсупов мебошанд, ки 700 ҳазор евроӣ арзиш доранд.

Ёдовар мешавем, ки Ятимов дар бозиҳои лигаи қаҳрамонҳои Осиё ҳунарнамоии хуб нишон дод. Аз ҷумла навори ҷанҷоли ӯ бо Криштиану Роналду, ки ҳангоми бозии “Истиқлол” ва “Ал-Наср” сурат гирифт, сертамошобинтарин шуда буд.
Ӯ тавонист чанд тӯби мушкили ин ситораҳои сатҳи ҷаҳониро гардонда, ӯро асабӣ кунад. Баъдан, ӯ бо Роналду оштӣ шуданду ҳамдигарро ба оғӯш гирифтанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД