Arzon march 2024
Ашки сағерадухтар (ҚИСМИ1)
4177

 

Духтур баъд аз муоинаи духтараки бемор ба пайвандонаш рӯ оварда гуфт:

-Аҳволи духтарак хуб аст, ҳеҷ ҷои хавотирӣ нест, ҳомиладорияш хуб мегузарад, набераатон аллакай чормоҳа мешавад!

Бо шунидани ин сухан марде, ки дар курсӣ нишаста буд, “воҳ” гӯён, ба замин афтид. Духтурон зуд ӯро бардошта, ба яке аз утоқҳои беморхона дароварданд. Ин мард тағои духтарак буд, ки аз бемории қалб азият мекашид ва баъди ин ҳодиса, 14 рӯз дар беморхона бистарӣ гарида, дар ин муддат ҳеҷ рӯйи Динораро дидан нахосту бо ҳамин аз дунё гузашт. Пас аз марги тағояш фарзандонаш Динораро аз хонаашон берун карданӣ шуданд, аммо модарашон садди роҳашон шуда гуфт:

-Падаратон пеш аз маргаш васият кард, ки Динораро дар кӯча напартоед, то ин ки ман дар қабр роҳат бихобам.

Бо ҳамин рӯзи сиёҳи духтарак шурӯъ шуд. Ба Динора иҷозат надоданд, ки дар ягон маросими тағояш иштирок намояд ва таъкид карданд, ки аз пеши чашми мардум дур бошад, то касе ӯро бо тифли нопоки батнаш набинад.

Динора ин рӯзҳои сахтро бо ашки шашқатор дар оғилхона паси сар намуд, то он даме, ки дарди хонавода каме сабук шуду янгааш ба суроғаш омада, кӣ будани падари кӯдакро пурсон шуд. Духтарак бо як ҳаяҷон ҷавоб дод, ки падари тифлаш писари амакаш мебошаду онҳо якдигарро сахт дӯст дошта, нияти оиладор шуданро доранд.

Янгааш худи ҳамон рӯз Динораро гирифта, ба хонаи амакаш бурду вазъиятро ба онҳо фаҳмонида, омадани ҷавонро мунтазир шуданд. Динора дилпур буд, ки бо омадани Мансур тамоми азобҳояш ба охир мерасанду онҳо бо ҳам хушбахт мешаванд. Вақте Мансур аз дарвоза ворид шуд, бо дидани Динора ва аҳли хонавода бо табассум салом дода, аз наздашон гузашта рафтан хост. Аммо пайвандонаш ӯро нигоҳ дошта, барои он ки ба духтари амакаш дастдарозӣ кардааст, санги мазаммат заданро сар карданд. Вақте Мансур аз ҳомиладор будани Динора огоҳ шуд, ба дашном додан шуруъ карда гуфт:

-Ин сағераи пойлуч ду бор дар хонаи мо меҳмон шуду кӯдаки нопоки мардони кӯчагиро ба сари ман бор кардан мехоҳад?! Духтарҳои соҳидор набуданд, ки ман ба як бесоҳиби дар хонаи мардум калоншуда дастдарозӣ мекардаам?- гуфта, ба назди духтарак омаду ӯро тела дода гуфт:

-Ин ҳаромиятро ба сари ман бор накун!

Динора танҳо мегиристу дигар мадори аз замин хестанро накарда, бо садои хастаи ларзон мегуфт: “Худо туро мезанад, Мансур!” Мансур бо ғазаб аз назди аҳли хонавода гузашта, аз дарвоза берун рафтанӣ шуд, вале падараш дасташро дошта гуфт:

-Ту фарзанди ман ҳастӣ, бегуноҳият қабул, лекин ба хотири оромии дилам китоби Худоро мебардорӣ ва савганд ёд мекунӣ, ки ин кори ту нест!

Мансур ҷониби падар бо ғазаб нигариста гуфт:

-Китобро биёред, мебардорам!

Китобро оварданд, Мансур онро ба дастонаш гирифта, бо садои баланд ба номи Худо савганд ёд карду онро бо ғазаб ба бағали падараш гузошта, аз дарвоза берун шуд. Динора дигар касеро надошт, ки садояшро шунавад. Ягона мӯнису ғамхор, тағои меҳрубонаш, ки Динораро сари зонуяш гирифта, луқмаи аввалинро ба даҳони ӯ мегузошту сарашро сила мекард ва “амонати хоҳари раҳматиям аст” гӯён, пуштибонаш буд, дигар зери хок буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД