sebiston july new
“Ҷашни Сада” ба феҳристи мероси башарият ворид гашт
468


Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон «Ҷашни Сада»-ро ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид намуд.

Ҷашни Сада баъди гузашти асрҳои зиёд дар замони соҳибистиқлолӣ бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гашт ва дар ҷомеаи мо умри дубора ёфт.

Ба Феҳристи мероси ғайрмоддии башарият ворид гардидани он мояи ифтихору сарбаландии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Бешак, Сада таҷассуми ғояҳои неки башардӯстона буда, мардумро ба дӯстиву бародарӣ ва заҳмату ободкорӣ даъват менамояд”-навиштааст сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов.

Сада мисли Наврӯзу Меҳргон аз ҷашнҳои миллии ориёитаборон ба шумор рафта, онро ҳар сол мардуми тоҷик дар баҳманмоҳи 11-уми солшумории шамсӣ, ки ба 21 январ-20 феврал рост меояд, ҷашн мегирад. Ҷашни Сада ба анҷоми чиллаи калон рост омада, аз он дарак медиҳад, ки зимистон ва давраи сармои он ба охир расида истодааст. Сада панҷоҳ шабонарӯзро то фарорасии Наврӯз дар бар гирифта, аз наздик омадани фасли баҳору оғози корҳои кишоварзӣ мужда мерасонад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояшон изҳор намуданд, ки «эҳёву таҷлили ҷашни Сада ҳамчун рамзи истиқболи фасли нуру гармӣ, некиву саховатмандӣ, сарҷамъӣ ва ваҳдати кулли шаҳрвандон дар густариши корҳои ободониву созандагӣ ва хуррамиву пешрафти Тоҷикистони азизамон нақши муассир гузошта, дар оғози сол чун паёмовари Наврӯзи оламафрӯз ба зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон муждаи хуррамиву хушбахтӣ меоварад».

Дар ҳақиқат, Сада ин пирӯзии равшанӣ бар зулмот, гармӣ бар сардӣ ва некӣ бар бадӣ мебошад. Дар асоси маълумоти «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, ин ҷашнро шоҳ Ҳушанг ба муносибати кашф шудани тарзи оташафрӯзӣ таъсис додааст. Номи ҷашни Сада аз рақами 100 (сад) гирифта шудааст. Абӯрайҳони Берунӣ дар китоби «Ат-тафҳим» сабаби «Сада» номгузорӣ шудани ин ҷашнро аз миқдори рӯзҳои боқимонда то иди Наврӯз – яъне 50 шабу 50 рӯз медонад.

Садаро аҷдодони мо шабона ҷашн мегирифтанд. Оташафрӯзӣ дар торикии шаб муҳимтарин нишони Сада буда, мазмуни пирӯзии равшанӣ бар зулмотро дорад. Ҷашни Сада аз омад – омади баҳор, омода шудани замин барои кишту кор, огоҳӣ аз анҷоми фасли сармо ва наздик омадани Наврӯз — соли нави аҷдодӣ башорат медиҳад.

Давоми садсолаҳо собит шудааст, ки ҷашни Сада арзишҳоеро, чун садоқат ба Ватан, осоишу ваҳдати инсонҳо, дӯст доштани табиат ва заҳмат ба хотири баракату фаровонӣ таблиғ менамояд.
Дар ин бора “Ховар” хабар додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД