sebiston july new
Аскарбача дар рӯзи наврӯз 4 ҳамхизматашро парронд!
24.03.2022
ОИЛА
9401


Қумандонҳои қисми ҳарбӣ ба ин аскарбача, ки ба тозагӣ ба хизмат даъват шуда буд, иҷозат надодаанд, ки ба хонаашон рафта, наврӯзро дар ҳалқаи пайвандонаш пешвоз бигирад.

Идро дар қисми ҳарбӣ гузаронидан нахоста, ҳамчун рамзи эътироз аскарбача даст ба амали хунине задаааст, ки аз шунидани тафсилоташ ба тани кас мурғак медамад...
Иди наврӯз дар ин қисми ҳарбӣ ба мотам табдил ёфта, афсарону аскарон тобути хунини 4- ҷавони ормониро, ки содиқона хизмати Ватанро адо мекарданд, ба хонаҳояшон гусел намуданд.
Сабабгори сар задани чунин фоҷиаи хунин дар иди наврӯз дар қисми ҳарбӣ аскарбачаи ба тозагӣ ба хизмат даъват шудае гаштааст, ки қумандонҳо барояш иҷозати дар наврӯз ба хона рафтан ва дар ҳалқаи волидону пайвандонаш гузаронидани идро надодаанд. Аскарбачаи ба ғазаб омада дар рӯзи ҷашни Наврӯз-21-март дар казарма ҳамчун рамзи эътироз аз яроқи оташфишон ба сӯйи ҳамхизматонаш оташ кушодааст. Бар асари тирборон 4 аскарбача ба ҳалокат расида, боз як нафари дигарро ин аскарбачаи “сарвайрон” гаравгон гирифтааст.
Ин ҳодисаи хунин дар яке аз қисмҳои низомӣ дар Бушеҳри Эрон рӯй дода, ба иттилоъи хабаргузории Mehr сарбози фирориро дар бандари Дайлам дастгир ва асирро озод намудаанд.
Тибқи қонунҳои Эрон тамоми мардони синну солашон аз 18-сола боло бояд 2 -сол дар артиш хизмат намоянд, дар акси ҳол ба онҳо барои аз қаламрави кишвар берун сафар кардан иҷозат дода намешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД