Мантуи “Хушамбе” чи тавр пухта мешавад?
Мантуи “Хушамбе” аз хӯрокҳои лазизи миллии мардуми тоҷик буда, онро одатан дар маъракаҳо, ҷашнҳо ва ё рӯзҳои ид омода мекунанд. Ин таоми дӯстдошта бо бӯйи хушу лаззати нотакрораш иштиҳоро мекушояд. Мантуи “Хушамбе”-ро алорағми мантуҳои дигар на дар мантупазак, балки дар деги одӣ ва дар равған мепазанд.
Барои омода кардани мантуи “Хушамбе” чунин маҳсулот лозим аст:
Орд, оби ширгарм, намак, равғани растанӣ, картошка, пиёз, адвиёт, гӯшт.
Миқдори маҳсулотро метавонед мувофиқи аъзои оилаатон муайян намоед.
Сараввал хамири мантуро тайёр карда, чун мантуи маъмулӣ боз (паҳн) кунед ва буриде. Картошкаву пиёзу гӯштро бо зираву мурчи кӯфта омехта карда, ба даруни зуволаҳои буридаатон монед ва мантуро печонед.
Баъди омода шудани манту онро дар равған зирбонда мегиранд. Сипас аз пиёзу помидор зираву мурчу намак зирбак тайёр карда, мантуи дар равған пухтаро руйи зирбак мечинанд. Баъдан як коса об илова карда, руйи дегро мепӯшанд. Баъди 15-20 дақиқа мантуи хушамбе, ки лаззати нотакрору бӯйи хуш дорад, омода мешавад.
Пас аз пухтани мантуи “Хушамбе” онро бо эҳтиёт ба табақ мекашанд. Одатан ин таоми болаззатро гарм-гарм пешкаш мекунанд, зеро маҳз дар ҳамин ҳолат маззаи аслиаш бештар эҳсос мешавад. Болои онро метавон бо кабудии тару тоза, ба мисли кашничу шибит оро дод, то ки ҳам намуди зебо дошта бошад ва ҳам маззааш боз ҳам болаззаттар гардад.
Мантуи “Хушамбе” серғизо буда, рамзи меҳмоннавозии мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар рӯзҳои ид, махсусан дар ҷашни Наврӯз, бисёр оилаҳо ин таомро омода намуда, ба хешу табор ва меҳмонон пешкаш мекунанд.
Абдуғаффор Шодиев