formula
Асрори марги Замираро кӣ мекушояд?
04.05.2022
ОИЛА
1347


Дар шаҳри Турсунзода як ҷавонзани 27-сола бар асари заҳролудшавӣ аз дорӯ ба марг расидааст.

Замира Норқулова, сокини деҳаи Хайробод буда, дар беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода ҷон ба ҷонофарин супурдааст. Табибон гуфаанд, ки зан дар ҳолати хеле вазнин ба бемористон оварда шуда, бар асари истеъмоли зиёди дорӯворӣ ҷисмаш заҳролуд шуда буд ва талошҳои онҳо барои наҷот додани ҷонаш ягон натиҷа надоданд.

Падари Замира домодашро гунаҳкор мекунад, вале...

Падари марҳум Замира Норқулова-Ҳамроҳ Норқулов гуфтааст, ки домодаш духтарашро латукӯб мекард. Ин падари ҷигарсӯхта ҳамчун далел ба радиои Озодӣ чанд аксеро пешниҳод намудааст, ки дар онҳо дар дасту пойҳои Замира доғҳои сиёҳ ба назар мерасанд. Падари марҳум мегӯяд «ин доғҳо осори латукӯб аст», вале намояндагони прокуратураи шаҳри Турсунзода дар шаҳри ин ҳодиса гуфтаанд, ки айни замон бар асоси ин ҳодиса нисбати касе парванда боз нашудааст ва танҳо баъди пурсидани тарафҳо ва дақиқ кардани сабаби марги зан масъалаи кушодан ё накушодани парвандаи ҷиноӣ ҳал мешавад.


Ҷанҷол барои кӯдак

Шавҳари Замира ронандаи Камаз буда, ба гуфти худаш ҳамон рӯз хостааст духтарчаи чорсолаашро бо худ ба сайру тамошо барад, вале ҳамсараш нагузоштааст. Бо ҳамин сабаб байни зану шавҳар моҷаро сар зада, дар рафти ин ҷанҷоли оилавӣ мард (ба гуфти худаш) дар сари қаҳру ғазаб ҳамсарашро чанд шаппотӣ задааст.
“Ҳамон рӯз ҳамсарамро «чанд шаппотӣ задам», «вале ин сабаби марги ӯ набуд. Ман доруи асаб мехӯрам. Аз ҳамон доруҳо хӯрдааст. Мо ҷанҷол кардем, ба фикрам, ӯ хато карда, аз доруи ман хӯрдааст. Худкушӣ накардааст” – мегӯяд шавҳари зан.

Шавҳари Замира бар он назар аст, ки чанд шаппотии сари қаҳру ғазаб задаи ӯ наметавонист сабаби даст ба худкушӣ задани ҳамсараш шавад. Ба қавли ин мард, вай дорӯи асаб истеъмол мекардааст ва шояд занаш хато карда, дорӯҳои ӯро хӯрда бошад, вале ба гумон аст, ки як ё ду дорӯи тасодуфан истеъмол карда боиси марги инсон гашта тавонад.

Ёдрас мешавем, ки худкушӣ ва қасди худкушии занону духтарон бо сабаби афзоиши хушунат ва зӯроварии хонаводагӣ солҳои охир рӯ ба афзоиш ниҳода, ба иттилоъи Вазорати корҳои дохилии кишвар танҳо дар соли 2021 дар ҷумҳурӣ 250 ҳодисаи худкушӣ ё қасди худкушӣ кардани занон ба қайд гирифта шудааст.

Бонувон бештар бо сабаби лату кӯб шудан аз ҷониби шавҳар, дузанагию сезанагӣ ва хиёнати мард, ҳамчунин ҷабру зулм ва таҳқиру ранҷу азоби хушдоман, хоҳаршӯй ва дигар аъзои хонавода қасди худкушӣ менамоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД