Ин ҳунарманди маҳбуб шоми дирӯз, 30-юми июн дар осоишгоҳи Шоҳамбарӣ ҷон дод. Бино бар гуфтаи шоҳидон, вазъи саломатии Бахтиёр Раҳимов ҳангоми ҳунарнамоӣ дар осоишгоҳи мазкур якбора бад шуда, бар асари пастшавии фишори хун ҷон додааст.
Дӯстонаш зимни суҳбат бо расонаҳо гуфтаанд, ки Бахтиёр Раҳимов аз бемории қанд ва дил азият мекашид ва ният дошт, ки барои табобат ба Ҳиндустон равад, аммо аҷал бармаҳал ба гиребони ин марди ҳунар панҷа зада, ӯро аз байни мо рабуд.
Ҷанозаи Бахтиёр Раҳимов дар зодгоҳаш - деҳаи Ноҷии шаҳри Ҳисор баргузор гашта, ҷасадашро дар оромгоҳи деҳа ба хок супурданд.