Commerc banl
Ҳаво дар Иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз боронӣ мешавад ё офтобӣ?
208

Боридани боронҳои пай дар пай дар чанд рӯзи охир сокинони кишварамонро ба андеша водор кардаанд, ки ҳаво дар Иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз чи гуна мешуда бошад? Боз борон меборад ё офтобаки дилоро ба мову шумо табъи идона ато мекунад?

Тавре ки Агентии обуҳавошиносӣ иттилоъ додааст, дар рӯзҳои ид, яъне аз 20 то 27 март дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ҳавои офтобӣ дар назар дошта шуда, рӯзона то 19-22 дараҷа гарм мешавад. Аммо рӯзҳои 26-27 март борон борида, шамол - 5-10 м/сония мевазад. Ҳарорати ҳаво бар асари боришот каме поён рафта, ба 17-19 дараҷа мерасад. 

Ноҳияҳои тобеи марказ

Дар ин ноҳияҳо ҳаво ба шаҳри Душанбе монанд буда, тадриҷан болоравии ҳарорат пешбинӣ шудааст. Аммо дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво каме хунуктар шуда, боридани борону барф аз эҳтимол дур нест. Ҳарорат рӯзона аз 5 то 22 дараҷа гарм мешавад. Шабона метавонад то 3 дараҷа хунук шавад. Суръати вазиши шамол - 5-10 м/сония.

Вилояти Хатлон

Дар Хатлон аз 20 то 25 март боришот ҳавои гарму муосид пешбинӣ шудааст, вале 26-27 март боридани боронҳои кӯтоҳмуддат имкон дорад. Ҳарорат рӯзона аз 7 то 20 дараҷа гарм мешавад.

Вилояти Суғд

Дар Суғд аз 20 март ҳавои гарму хушк пешгӯӣ шудааст, вале рӯзи 27 март дар баъзе ноҳияҳо боришоти кӯтоҳмуддат ба амал меояд.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Дар қаламрави ВМКБ боришот, аксаран барф бахусус дар қисмати шарқии минтақа, инчунин ҳавои хунук дар назар аст. Аз 20 то 25 март ҳаво нисбатан устувор ва аксаран бидуни боришот мешавад. Охири давра боз сар шудани боришот аз эҳтимол дур нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД