sebiston july new
Ҷавони 17-сола амакашро корд зад
419

Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз содир шудани як ҷинояти вазнини кордзанӣ аз ҷониби ҷавони нобоғиғи 17-сола хабар додааст.

Ба иттилоъи манбаъ, ба ШВКД дар ноҳияи Иисоили Сомонӣ марди 33-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намуда, хабар додааст, ки санаи 21-уми феврал, тахминан соати 21:55-дақиқа ҳангоми дар хонаи истиқоматиашон қарор доштанаш, бе ягон асос писари бародараш, ки ҷавони 17-сола мебошад, дашномҳои қабеҳ дода, бо истифодаи корди дар дасташ буда ба қисмати қафаси синааш як маротиба задааст.

Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.Тафтишоти сабабҳои ҳодиса идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД