goodwell
Ҷавони 19-сола дар Душанбе ноболиғро бо корд захмӣ кардааст
21.08.2026
Oila.tj
171

Кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино як сокини 19-солаи Душанберо бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир кардаанд.

Тибқи маълумоти мақомоти корҳои дохилӣ, Сатторов Далер рӯзи 18-уми август дар кӯчаи А. Сино, дар назди Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бо ноболиғи 16-сола Бобомуродов А. муноқиша кардааст. Гуфта мешавад, ки ҷавон дар рафти муноқиша тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, бо истифода аз корд як маротиба ба пойи рости ноболиғ зарба задааст. Дар натиҷа, ноболиғ ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

Вобаста ба ин ҳолат нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 237-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Айни ҳол тафтишот идома дошта, ҳолатҳои дигари қазия аз ҷониби мақомоти дахлдор санҷида мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД