goodwell
Ҷавони 21-сола бо гумони фиреби 30 нафар бо эълонҳои қалбакӣ дастгир шуд
20.08.2026
Oila.tj
108

Кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷавони 21-соларо бо гумони содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир кардаанд.

Ба иттилои милитсия, боздоштшуда Ҷӯрахонов Аминҷон, соли таваллудаш 2005, дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълонҳои бардурӯғ оид ба ба иҷора додани бӯстонсаро ва манзилҳои истиқоматӣ, инчунин фурӯши скутерҳои барқӣ нашр мекардааст.

Гумонбаршаванда бо истифода аз ин эълонҳо аз шаҳрвандон маблағ талаб карда, баъдан онро ба даст меовардааст. Дар натиҷаи санҷиш то ҳол 30 ҳолати эҳтимолии қаллобӣ ошкор шудааст.

Нисбат ба Ҷӯрахонов Аминҷон бар асоси моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Мақомоти милитсия аз шаҳрвандоне, ки эҳтимол аз чунин кирдори Ҷӯрахонов А. ҷабр дидаанд, даъват кардааст, ки барои муайян намудани ҳолатҳои дигари ҷиноятӣ муроҷиат намоянд.

Шаҳрвандон метавонанд тавассути WhatsApp ё Telegram ба рақами (+992) 018-02-02-02 ба милитсияи пойтахт муроҷиат кунанд.

Мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчунин аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки ҳангоми харидуфурӯш ё иҷораи молу мулк тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пеш аз пардохти маблағ маълумоти пешниҳодшуда ва шахсияти соҳиби эълонро бодиққат санҷанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД