35 years of independency
Ҷавони 28-сола бо гумони қаллобии 5 миллион сомонӣ дастгир шуд
23.10.2026
Oila.tj
92

Кормандони милитсияи пойтахт Ҷалолов Муссои 28-сола, сокини шаҳри Душанберо бо гумони қаллобӣ ба маблағи махсусан калон дастгир кардаанд.

Тибқи иттилои мақомоти милитсия, гумонбар бо роҳи фиреб ва сӯйистифода аз боварии шаҳрвандон мошинҳои гаронарзиши онҳоро гирифта, ваъда медодааст, ки маблағашонро баъдан пардохт мекунад. Аммо ӯ мошинҳоро фурӯхта, маблағи бадастомадаро ба манфиати худ сарф мекардааст. Зарари расонидашуда ба шаҳрвандон наздики 5 миллион сомонӣ арзёбӣ мешавад.

Нисбати гумонбар бо моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД