goodwell
Қайиқчаҳои картошкагӣ
28.06.2026
Oila.tj
30

Маҳсулоти лозима:

3-4 дона картошкаи калон, 300 грамм гӯшти қимма, 1 дона пиёз, кабудӣ, қаланфури кӯфта ва сирпиёз, намаку мурч мувофиқи табъ, 50 грамм панир, 10 грамм равғани маска.

Тарзи таҳия:

Ба гӯшти қимма намак ва адвияҳоро илова намуда, хуб омехта кунед. Картошкаро шуста, пӯсташро тоза намоед ва ба ду қисм ҷудо карда, қисми дохилиашро каме холӣ кунед. Қиммаро дар дохили картошка ҷой дода, аз болояш порчаҳои хурди равғани маска гузоред. Картошкаҳоро дар қолаб чида, 150 мл об резед. Дар ҳарорати 180 дараҷа 35-40 дақиқа пазед. Ҳангоми дастархонороӣ бо кабудӣ, сабзавоти тару тоза ва қаймоқ пешниҳод намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД