35 years of independency
Писари бадахлоқи шавҳарам ҷонамро ба лабам овардааст  
28.11.2026
Оила
325


Ман зани 34-сола ҳастам. Аз шавҳари якумам як духтарча дорам, ки ҳоло 10-сола аст. Зиндагии аввалинам бебарор баромад. Шавҳарам ба майнӯшӣ дода шуда, аз пайи кору зиндагӣ намешуд. Ҳар рӯз ҷангу ҷанҷол, беқадрӣ ва норасоии рӯзгор маро ба ҷон расонд. Ниҳоят, тоқатам тоқ шуду бо духтарчаам аз ӯ ҷудо шудам.
 
Баъди чанд соли танҳоӣ бо марде шинос шудам, ки ҳамсараш вафот карда, як писари 14-сола дошт. Мо аз нигоҳи аввал якдигарро маъқул кардем. Ӯ марди меҳрубон, коргар ва бомасъулият аст. Гумон кардам, ки ниҳоят бахтамро ёфтаам ва зиндагии осуда насибам шудааст. Бо умеду орзуҳои зиёд издивоҷ кардем, вале хушбахтии мо дер давом накард.
Аз рӯзи аввал писари шавҳарам маро ҳамчун модар қабул накард. Бо ман дағалона гап мезанад, ба ҳар суханам ҷавоби дурушт медиҳад ва гӯё қасдан мехоҳад асабамро хароб кунад. Аз ҳама бадтараш, бо духтарчаи ман низ созиш надорад. Бечора духтарам аз ӯ метарсад, зеро писарак зуд-зуд ӯро мезанад, таҳқир мекунад ва баҳона ёфта, ҷанҷол мебардорад.
Дар мактаб ҳам рафтораш хуб нест. Аз дарсҳо мегурезад, бо ҳамсинфонаш ҷанҷол мекунад. Муаллимону ҳамсояҳо пайваста ба шавҳарам аз кирдорҳои ношоистаи писараш шикоят мекунанд. Шавҳарам ӯро насиҳат мекунад, баъзан ҷанг ҳам мекунад, вале фоида надорад.
Дирӯз боз бе ягон сабаб бо духтарчаам моҷаро бардошт. Вақте дидам, ки духтарам гиря дорад, тоқат накарда, сари қаҳр ба ӯ дарафтодам. Шавҳарам аз кор омада, воқеаро фаҳмиду ҳам маро сарзаниш кард, ҳам писарашро.
Аз асабоният гуфтам, ки писараш душвортарбия шудааст ва шояд беҳтар бошад, ӯро ба мактаби махсус диҳем. Аммо шавҳарам сахт ранҷид. Гуфт, ки ҳамсари марҳумаш пеш аз марг васият кардааст, ки писарашонро ҳеҷ гоҳ хор шудан нагузорад. Ӯ қотеона гуфт, ки фарзандашро ба ҳеҷ куҷо намефиристад.
Ин суханон диламро шикастанд. Магар духтари ман ҳаққи зиндагии оромро надорад? Магар ман бояд ҳар рӯз ҷанҷолу таҳқирро таҳаммул кунам?
Шавҳарамро аз таҳти дил дӯст медорам ва намехоҳам бори дуввум оилаам вайрон шавад. Аз тарафи дигар, тоқати дидани ашки духтарчаамро надорам. Баъзан фикр мекунам, ки агар ин вазъ тағйир наёбад, оқибат ҷудо мешавем.
Хонандагони азиз, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам? Чӣ тавр дили ин писаракро ба даст орам ва дар хонаамон сулҳу оромӣ барқарор созам? Оё имкон дорад, ки ӯ рӯзе маро ҳамчун модар қабул кунад?
 
Моҳру, ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД