Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ дастур доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 25% зиёд карда шавад.
Ҳамзамон, супориш дода шуд, ки маоши дигар кормандони муассисаҳои соҳаи маориф, илм фарҳанг, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, стипендия ё идрорпулиҳо ва музди меҳнати кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ҳарбиён ва дигар кормандони мақомоти қудратӣ 20% зиёд карда шавад.
Тибқи супориши Сарвари давлат, аз 1-уми сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнативу иҷтимоӣ ва иловапулӣ ба онҳо 15 фоиз зиёд шуда, ҳадди ақали музди меҳнат бояд ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.