Commerc banl
Аз бройлер арзонтар: дар Тоҷикистон барои алоқаи мобилӣ чӣ миқдор маблағ сарф мекунанд?
17.03.2026
Oila.tj
84

Нархҳо дар бозори истеъмолӣ мунтазам тағйир меёбанд, яъне боло мераванд. Сабабҳо маълуманд: таваррум, ноустувории қурби асъор, гароншавии маводи энергетикӣ. Лекин мо ба ин раванди иқтисодӣ на ҳамеша бо дарки пурра ва якхела назар карда метавонем. Масалан, агар гароншаии сару либос ё хизматрасониҳои ҳуқуқшиносон начандон маълум барои афкори омма сурат гирад, дилхоҳ кӯшиши воридкунии ягон тағйирот дар бозори алоқа барои муҳокимаҳои пурҷӯшу хурӯш сабаб мешавад. Оё нигарониҳои мо беҳуда нестанд? Биёед як фикр карда бароем, ки хароҷоти алоқаи мобилии моро бо чӣ муқоиса метавон кард ва оё он воқеан зиёд аст.

Ба ҳисоби миёна дар бозор

Ҳар як оператор силсилаи тарофаҳои худро дорад. Метавон ҳам тарофаи арзонтар, ҳам тарофаи гаронтарро интихоб намуд. Одатан ин на аз сиёсати нархии ширкатҳои телекоммуникатсионӣ, балки аз талаботи муштариён вобастагӣ дорад. Фаҳмост, ки бастаи хизматрасониҳо бо нархи минималӣ барои бисёриҳо аллакай кифоя нест. Барои ҳамин дурусттар аст на доир ба сарҳади поёнии нарх, балки дар бораи арзиши миёнаи тарофа андеша намоем. Он дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?

Чор оператори пешбари ҶТ нархҳои тақрибан якхела доранд: аз 30-40 сомонӣ барои тарофаҳои “минималӣ” то 250 сомонӣ барои тарофаҳои “максималӣ”. Тарофаҳои қиматтар ҳам ҳастанд, лекин онҳо барои истифодабарандагон бо талаботи махсусан пешбинӣ гардида, тарофаҳои оммавӣ ба ҳисоб намераванд. Инак: барои бисёри муштариён нархи миёнаи тарофа 140 сомониро дар як моҳ ташкил медиҳад. Бори дигар қайд менамоем: бо ин маблағ хизматрасониҳои алоқаро метавон дар давоми як моҳи пурра истифода намуд.

Мурғ ё тарофа

Бо 140 сомонӣ боз чӣ метавон харид? Сараввал бо маҳсулот муқоиса менамоем. Бо ин маблағ 1,4 кг. гӯшт метавон харид. Гӯшти мурғ арзонтар аст – наздики 40 сомонӣ барои як килограмм. Бройлер ба ҳисоби миёна 4,5 кг. вазн дорад, аз ин бармеояд, ки нархи як мурғ ба 180 сомонӣ баробар аст. Дар хотир медорем: як мурғе, ки оила онро дар давоми як-ду рӯз тановул мекунад, аз як моҳи истифодаи озоди зангҳо, интернети мобилӣ, паёмрасонҳо, хизматрасониҳои молиявӣ ва дигар хизматрасониҳое, ки ба тарофаҳои опраторони алоқа дохил мешавад, 30% гаронтар аст!

Барои як хизматрасонии ороишгари мӯйи сар тақрибан 150 сомонӣ маблағ лозим меояд, ин бо нархи миёнаи тарофаи мобилӣ баробар аст. Як литри бензин алҳол 9,5 сомонӣ арзиш дорад. Яъне барои 20 литр бензин, ки тақрибан барои як ҳафта кофӣ хоҳад буд, 190 сомонӣ сарф мешавад. Ин аз тарофаи мобилии дорои нархи миёна 35% гаронтар аст. Ҷинси сифаташ хубро бо нархи тақрибан 300 сомонӣ харидан мумкин аст. Ин нарх ба ду моҳи алоқаи мобилӣ баробар аст. Нархи билет ба консерти сарояндаи дӯстдошта низ тахминан ҳамин қадар ё ҳатто ду маротиба қиматтар аст. Бо Шумо ҳамфикрем – консерт таассуроти рангин мебахшад. Лекин бе смартфон расонидани ин таассурот ба наздикону дӯстон душвор аст. Ба ғайр аз ин, алоқа дар фармоиши билет тариқи онлайн, даъвати такси баъди намоиш мусоидат карда, дар даҳҳо ҳолатҳои ҳаётӣ низ кӯмак хоҳад кард.

Дар маҷмӯъ, дар хотир бояд дошт, ки дар олами муосир алоқаи мобилӣ ба мисли ҳамон маҳсулоти хӯрокворӣ, маводи доруворӣ, хизматрасониҳои ХМК ашёи ниёзи аввалия маҳсуб меёбад. Ва агар танҳо барои нерӯи барқ дар хонаи шахсӣ дар шаҳр оила дар як моҳ 400-600 сомонӣ маблағ сарф намояд, пас хароҷот барои алоқа, ки барои мо ҳаррӯза лозим меояд, дар чунин манзар бузург наменамояд.

Нархи чӣ зудтар боло меравад

Тавре аллакай гуфта шуд, ҳама гуна нархҳо доимо боло мераванд. Ҳамин тавр, дар соли гузашта нархи гӯшт ба андозаи 20% аз 80-90 то 95-110 сомонӣ барои як кг. боло рафт. Нархи оби нӯшокӣ барои аҳолӣ шурӯъ аз январ аз 30% - аз 1,40 то 1,82 сомонӣ барои як метри мукааб зиёд шуд. Нархи нерӯи барқ бошад, ба андозаи 17% боло рафт, аз 1 феврал нархи он 41,37 дирамро барои як киловатт-соат ташкил медиҳад.

Нархҳои алоқа тӯли ин муддат дар ягон ширкати телекоммуникатсионӣ боло нарафта буданд. Операторон сиёсати нархиро на зиёда як маротиба дар 2-3 мавриди бозбинӣ қарор медиҳанд. Лекин дар ин маврид низ сухан на танҳо дар бораи “болоравӣ” меравад. Одатан дар асоси таҳлили таҷрибаи истифодабарандагон дар баробари боло бурдани нархҳо ҳаҷми бастаҳои хизматрасониҳо низ зиёд карда мешавад. Соддатар гӯем, мо мехоҳем озодона аз хизматрасониҳои молиявӣ – техникӣ истифода барем, бе маҳдудият дар паёмрасонҳо муошират намоем – маҳз бо ҳамин мақсад операторон миқдори ҳарчи бештари интернетро пешниҳод мекунанд. Дар омади гап, чунин ҳам мешавад, ки ҳаҷми трафик зиёд мегардад, лекин дар баробари ин нархи тарофа тағйир намеёбад.

Бо вуҷуди ин, гоҳ-гоҳ ширкатҳо воқеан нархи тарофаҳоро бе зиёдкунии ҳаҷми бастаҳо боло мебаранд. Дар ин ҷода ду вазъияти муҳим ҷой дорад. Якум ин, ки чунин амал нисбати тарофаҳои архивии кӯҳнашуда раво дониста мешавад. Тарофаҳои наве, ки ба онҳо ба таври оммавӣ пайваст мешаванд, шартҳои худро тағйир намедиҳанд. Дуюм, нархи тарофаҳои архивӣ ба андозаи на зиёда аз 8-10% ва на бештар аз як маротиба дар як сол боло меравад. Ва агар мо бо нархномаи мағозаҳо ягон чорае дида натавонем, дар соҳаи телеком мо осон бо интихоби нархи мувофиқ ба тарофаи дигар гузашта метавонем. Вариантҳо зиёданд.

Пас хулосаи гап чист? Нархҳои мобилӣ нисбат ба нархи бисёри молу хизматрасониҳо камтар боло меравад, дар баробари ин, маблағи пардохт барои алоқа аз бисёри хароҷоти маъмулии мо камтар мебошад. Ва аз ҳама муҳим, бо нархи 140 сомонӣ дар як моҳ мо имкон дорем, ки ҳар дақиқа ба наздикон занг зада бинависем, аз даҳҳо замимаҳо истифода барем ва смартфонро ҳамчун воситаи корӣ ба кор барем. Баъзан алоқа ҳаётро низ наҷот медиҳад – масалан, вақте ки таъҷилан даъват кардани табиб лозим меояд. Пас магар хизматрасонии муфиде, ки аз нархи мурғ барои хӯроки нисфирӯзӣ арзонтар баромада истодааст, нархи гарон дорад?

Дешевле бройлера: сколько в Таджикистане платят за мобильную связь

Цены на потребительском рынке меняются постоянно, обычно – в большую сторону. Причины известны: инфляция, колебание курсов валют, удорожание энергоносителей. Однако далеко не всегда мы относимся к этому экономическому процессу с одинаковым пониманием. Если удорожание, скажем, одежды или услуг юристов происходит незаметно для общественного мнения, то любая попытка что-либо изменить на рынке связи становится поводом для бурных обсуждений. Но не зря ли мы переживаем? Давайте подумаем, с чем можно сравнить наши мобильные расходы, и так ли они велики.

В среднем по рынку

У каждого оператора связи своя линейка тарифов. Можно выбрать как более дешёвый, так и более дорогой вариант. Обычно это зависит даже не от ценовой политики телеком-компаний, а от потребностей абонентов. Понятно, что пакета услуг за минимальную цену многим не хватает. Поэтому правильнее говорить не о нижней границе цен, а о средней стоимости тарифа. Какова она в Таджикистане?

У четырёх ведущих операторов РТ разброс цен примерно одинаков: от 30-40 сомони за «минимальные» тарифы до 250 за «максимальные». Есть и более дорогие, но они предназначены для пользователей с особенно высокими потребностями и не являются массовыми. Итак: для большинства абонентов средней ценой тарифа можно считать 140 сомони в месяц. Ещё раз подчеркнём: за эти деньги можно пользоваться услугами связи в течение целого месяца.

Курица или тариф

Что ещё можно купить за 140 сомони? Для начала сравним с продуктами. За эту сумму можно приобрести 1,4 кг мяса. Куриное дешевле – около 40 сомони за килограмм. Бройлер в среднем весит 4,5 кг, из чего следует, что одна курица обойдётся в 180 сомони. Запомним: одна курица, которую семья съест за день-другой, стоит почти на 30% дороже, чем месяц использования звонков, мобильного интернета, мессенджеров, финансовых сервисов и других услуг, которые могут входить в тарифы операторов связи!

За один визит к парикмахеру нужно заплатить где-то 150 сомони – сопоставимо со средней ценой мобильного тарифа. Литр бензина сейчас стоит 9,5 сомони. То есть за 20 литров, чего хватит примерно на неделю, нужно оставить на заправке 190 сомони. Это на 35% дороже среднеарифметического мобильного тарифа. Хорошие джинсы можно купить примерно за 300 сомони. Это эквивалентно двум месяцам мобильной связи. Столько же может стоить билет на концерт любимого артиста, а то и раза в два дороже. Согласны: концерт – это яркие впечатления. Но без смартфона будет сложно поделиться ими с друзьями. А ещё связь поможет заказать билет онлайн, вызвать такси после шоу – и будет выручать в десятках других жизненных ситуаций.

Вообще нужно помнить, что в современном мире мобильная связь – такой же предмет первой необходимости, как продукты, лекарства, услуги ЖКХ. И если только за электричество в частном городском доме обычная семья платит по 400-600 сомони в месяц, то расходы на связь, которая также нужна нам каждый день, на этом фоне не выглядят большими.

Кто растёт быстрее

Как уже говорилось, любые цены постоянно растут. Так, за минувший год мясо подорожало на 20%, с 80-90 до 95-110 сомони за кг. Тарифы на питьевую воду для населения с января выросли на 30% – с 1,40 до 1,82 сомони за кубометр. На электроэнергию – на 17%, один киловатт-час с 1 февраля стоит 41,37 дирама.

Тарифы на связь в этот время практически ни у одной телеком-компании не росли. Операторы в принципе не пересматривают ценовую политику чаще, чем один раз в 2-3 года. Да и в этом случае нельзя говорить именно о «повышении». Обычно речь о параллельном увеличении объёма пакетов услуг на основе анализа пользовательского опыта. Проще говоря, мы хотим свободно пользоваться финтех-сервисами, смотреть со смартфонов видео, общаться без ограничений в мессенджерах – поэтому операторы и предлагают больше интернета. Кстати, бывает, что объём трафика растёт, а цена тарифа при этом никак не меняется.

Впрочем, изредка телеком-компании всё-таки повышают стоимость тарифов без увеличения пакетов. Но есть два важных обстоятельства. Во-первых, так поступают с архивными, устаревшими тарифами. Новые тарифы, на которых идут массовые активные подключения, не меняют условий. Во-вторых, цена архивных тарифов вырастает не больше, чем на 8-10%, и происходит это не чаще, чем раз в год. Но если с ценниками в магазинах мы ничего сделать не можем, то в телекоме легко перейти на другой тариф, выбрав приемлемую цену. Вариантов много.

Что же получается? Мобильные тарифы растут в цене реже, чем большинство товаров и услуг, к тому же плата за связь меньше многих наших привычных расходов. А главное, за 140 сомони в месяц мы можем каждую минуту звонить и писать близким, пользоваться десятками приложений, использовать смартфон как рабочий инструмент. Порой связь и жизни спасет – например, когда нужно экстренно вызвать врача. Так много ли стоит полезная услуга, которая обходится нам дешевле, чем курица к обеденному столу?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД