Arzon march 2024
Аз куҷо маҳсулоти арзон харем?
25.08.2023
Мирсаид
1482

Рӯзҳои истироҳат- 26-27 август дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат доир мегардад, хабар медиҳад Вазорати кишоварзӣ.

Рӯзи шанбе, 26 август намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии ноҳияи Айнӣ дар «Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ», ноҳияи Лахш дар «Боғи Куруши Кабир», ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар Боғи «Низомиддин Алишери Навоӣ» ва ноҳияи Фархор дар «Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» баргузор мешавад.

Рӯзи якшанбе, 27 август намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Муъминобод дар «Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Кӯли ҷавонон», ноҳияи Носири Хусрав дар «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» ва ноҳияи Балҷувон дар «Боғи Кӯдакон» доир мегардад.

Вақти баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ аз соати 08:00 то 11:00 ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаи фарҳангиву адабӣ аз соати 17:00 то 20:00 муқаррар шудааст.

Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби деҳқонони шаҳру ноҳияҳо ба сокинону меҳмонони пойтахт маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи дастрас пешниҳод мешавад.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Ваҳдат, Шаҳритус, Конибодом, Қубодиён, Турсунзода, Ҷайҳун, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Шаҳринав, Панҷ, Ашт, Нуробод, Кӯшониён, Мастчоҳ, Файзобод, Восеъ, Хуҷанд, Тоҷикобод, Ҷалолиддини Балхӣ, Бӯстон, Сангвор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Гулистон, Варзоб, Кӯлоб, Истаравшан, Роғун, Вахш, Истиқлол, Шуғнон, Ёвон, Зафаробод, Рӯшон, Дӯстӣ, Деваштич, Ванҷ, Левакант, Норак, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Дарвоз ва Бохтар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии худро дар боғҳои пойтахти мамлакат баргузор намуданд.

Бояд гуфт, ки намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе аз 1 июл оғоз гардида, то 3 сентябр идома меёбанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД