Аз моҳи март то апрел Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» баргузор мегардад
17.02.2026
Oila.tj
84

Аз моҳи март то моҳи апрели соли 2026 дар Тоҷикистон Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ баргузор мешавад.

Бино ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фестивал-озмун дар се давр ва аз рӯйи 8 номинатсия гузаронида мешавад.

Даври якум аз 9 то 21-уми март дар сатҳи маҳал, шаҳру ноҳияҳо бо муайян намудани беҳтарин чакандӯз, сӯзанидӯз, гулдӯз, зардӯз, порадӯз, читгар, атласу адрасбоф, гулбасту алочабоф, гардбоф, тоқидӯзу рӯймолбанд, ҷӯроббоф, шерозбоф ва ресмонбоф баргузор шуда, даври дуюм дар caтҳи вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 29-уми март то 10-уми апрел ва даври сеюм маросими ҷоизасупорӣ буда, дар назар аст, ки 28-уми апрел дар шаҳри Душанбе бо намоиши маҳсули ҳунарии тарроҳону ҳунармандони минтақаҳо, ғолибони даври дуюм бо барномаи фарҳангӣ ва мукофотсупорӣ ба ғолибону иштирокчиёни фаъол доир гардад.

Озмун аз рӯи номгӯи намоиши либосҳои қадимаи маҳал, либосҳои рӯзмарра, либосҳои маросимӣ ва идона, либосҳои расмӣ, беҳтарин либоси миллии атласу адрас, намоиши навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ, гӯлдӯзӣ, зардӯзӣ порадӯзӣ, читгарӣ, шоҳӣ, атласу адрас, гулбасту алоча, гардӣ, тоқиву ҷӯроб, шероз ва ресмонбофӣ, беҳтарин қаламкаш, беҳтарин навори видеоӣ (ролик аз фаъолияти тарроҳ-ҳунарманд, ки дар фестивал озмун иштирок мекунад) гузаронида мешавад.

Гуфта мешавад, ки дар анҷом иштирокчиёни фестивал-озмун аз чониби кумитаи тадорукот бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД