formula55
Аз НБО "Роғун" то майдони картошказори Лахш
24.08.2023
Мирсаид
3469

 

21 август Корвони иттилоотии Тоҷикистон бо шумули роҳбарону намояндагони васоити ахбори оммаи Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ ба минтақаи Рашт сафар карданд.

Ҳайати Корвонро дар даромадгоҳи шаҳри Роғун роҳбарияту фаъолон пешвоз гирифтанд. Сипас, онҳо бо вазъи иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳр, осорхонаи таърихӣ- кишваршиносӣ шинос шуданд.

Ҳимматалӣ Бобохонов, директори осорхонаи мазкур, зимни суҳбат бо Oila.tj гуфт, осорхона соли 1996 бунёд шуда, дар он 1187 ёдгории таърихӣ нигоҳдорӣ мешавад.

"Дар осорхона гӯшаи махсус ба хотири сохтмони НБО "Роғун" ташкил шуда, он ҷо аксҳо аз ҷараёни ин сохтмони нодири аср гирдоварӣ шудаанд", - гуфт роҳбари осорхонаи мазкур.

Сипас, ҳайати рӯзоманигорон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» шинос шуданд. Меҳмононро муовини директори истеҳсолии ҶСК НБО «Роғун» Қурбонназар Давронов роҳбаладӣ карда, толори агрегатҳо ва макони корҳои васлу насби онҳо, сарбанд ва ядрои сарбанди асосӣ, қисматҳои баромадгоҳи нақбҳо ва дигар мавзеъҳои онро нишон дод.

Мавсуф изҳор дошт, ки ядрои сарбанд аз иншооти муҳими неругоҳ ба шумор рафта, корҳои сохтмониву васлгариро дар он мутахассисони ватанию хориҷӣ бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ иҷро менамоянд.

Қурбонназар Давронов зимни суҳбат бо Oila.tj гуфт, аллакай 65%-и корҳои сохтмону васлгарӣ анҷом ёфта, тибқи лоиҳа соли 2029 корҳои сохтмонӣ пурра анҷом хоҳанд ёфт.

Ба иттилои муовини директори НБО "Роғун", дар асоси дастури Президенти кишвар зимни боздид аз нерӯгоҳ қарор аст чархаи сеюми он моҳи ноябри соли 2025 ба кор андохта шавад. Ёдовар мешавем, ки чархаи аввали он 16-ноябри соли 2018 ва дуюмаш 9 сентябри соли 2019 аз ҷониби Пешвои миллат ба кор андохта шуданд.

Баъди ин, Корвони рӯзноманигорон озими ноҳияи Нуробод шуданд. Онҳо дар шаҳраки Дарбанд бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар боғи фарҳангии ноҳия шинос шуданд. Ин боғи фарҳангӣ бо маблағгузории Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО –и «Роғун»» сохта мешавад.

"Дар марҳилаи аввал муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, Нишони давлатӣ, Парчами миллӣ ва фаввораҳо сохта шудаанд. Дар айни замон корҳои сохтмонӣ дар майдончаи варзишӣ, ошхонаи миллӣ, майдончаҳои бозии кӯдакон ва насби таҷҳизоти бозии наврасону кӯдакон идома доранд", - гуфт О. Додаров, муовини раиси ноҳия зимни суҳбат бо Oila.tj.

Дар рӯзи дуюми сафар Корвони рӯзноманигорон ба ноҳияи Рашт сафар карданд. Ҳайати намояндагони васоити ахбори оммаро дар даромадгоҳи ноҳия муовини раис, масъулини мақомоти иҷроия ва фаъолон пешвоз гирифтанд, сипас, онҳо вориди Боғи интенсивии ноҳияи Рашт шуданд.

Боғи мазкур 5 сол пеш бо дастури Президенти кишвар аз ҷониби ҶДММ "Пайванд" дар ҳамбастагӣ бо Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст. Масоҳати умумии он 30 гектарро дарбар гирифта, дар он 18 навъи мева, махсусан, анвои гуногуни себу хуч парвариш мегардад. Боғ аввалин намунаи боғи интенсивӣ дар водӣ буда, ба таври озмошӣ бунёд шудааст.

Баъди шиносоӣ бо боғи мазкур ҳайати рӯзноманигорон аз вазъи таълиму тарбия дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон огоҳ шуда, дар атрофи мизи мудаввар мавзӯи "Нақши воситаҳои ахбори омма дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ: имконият, воқеият ва дурнамо"-ро баррасӣ карданд.

Дар давоми рӯз ҳайати рӯзноманигорон ба ноҳияи Тоҷикобод рафта, бо дастовардҳои ноҳияи дар замони Истиқлоли давлатӣ шинос шуданд. Зикр шуд, ки боғдорӣ дар ноҳияи Тоҷикобод тайи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар доираи барномаҳои давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ пешрафт намуд.

Бо истифода аз имконоти мавҷуда сокинон тавонистанд масоҳати боғҳоро ба 1702 гектар расонанд. Аз масоҳати умумии боғҳои мавҷуда 674 гектараш мевадиҳанда мебошад. Майдони боғҳои интенсивӣ бошад, дар ноҳия ба 5,2 гектар баробар гардидааст.

Сафари мазкур аз ҷониби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати кишвар сурат гирифта, масири минтақаро пурра фаро гирифт. Чунин сафарҳои Корвони иттилоотӣ ба дигар шаҳру навоҳии мамлакат идома дорад.

Мирсаид САТТОРИЁН,
Душанбе - Роғун - Нуробод - Рашт - Лахш - Тоҷикобод - Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД