Аз омадани селу тарма дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳушдор дода шуд
16.12.2025
Oila.tj
96

Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинонро аз омадани селу тарма дар баъзе минтақаҳои кишвар ҳушдор додааст.

Ба иттилои ин ниҳод, аз 16 то 18-уми декабр дар ноҳияҳои Ховалинг ва Муъминободи вилояти Хатлон, ноҳияҳои Рашт, Сангвор ва Ағбаи Чормағзак бо сабаби боришоти зиёди барфу борон эҳтимоли омадани селу тарма вуҷуд дорад.

Ҳамчунин, Агентӣ гуфтааст, ки дар ин рӯзҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ва мавзеи Майхӯраи ноҳияи Варзоб хатари фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД