arzon replenishment
Аз падар танҳо ситам дидам
1258

Падари ман дар гузашта баъди аз ду зан ҷудо шуданаш бо модари ман хонадор шудааст. Дар вақташ падарам коргари орган, одами баобрӯ буд. Аммо аз дасти аз ҳад зиёд нӯшидани арақ ҳаёташро сӯхт шаъну шарафи худро поймол карда, хонашин шуд. Ӯ хонашин шуду рӯзи аҳли оила сиёҳ шуд.

Дар ҳавлии бобоям се оила зиндагӣ мекардем. Падарам ҳар рӯз маст омада, бо бародаронаш ҷангу ҷанҷол мебардошт. Модарамро лату кӯб мекард. Ҷони модарам ниҳоят аз дасти ин майхора ба лаб расиду ману бародарамро, ки ҳамон вақт яке шашсолаю дигаре чорсола будем, партофта ба Русия назди бародаронаш коркунӣ рафт.

Мо кӯдакони бе модар дар зери мушту лагади падари бадмасту янгаю амакҳоямон ба хорию зорӣ ба воя мерасидем. Аз модарам дигар ягон хату хабар набуд. Дар ин хона ману бародарам фармонбардори хурду калон будем. Ҳанӯз чашми рӯз кушода нашуда, молҳоро ба чаро мебурдему намози шом баргашта, гоҳе серу гоҳе гурусна хоб мерафтем. Нигоҳубини падари бадмаст ба дӯши мани хурдакак буд.

Мабодо ягон рӯз либосҳояш нашуста монад, рӯзи ман сиёҳ мешуд. Падарам маро бераҳмона мезад. Мактаб намехондам. Ҳисобу китобро кам-кам аз даҳони бародарам ёд мегирифтам. Ягона пушту паноҳам дар хона бародарам буд. Аммо мутаассифона дар синфи панҷумиаш ӯро ба мактаб-интернати шаҳр бурда монданд.

Акнун ман духтари падардори бепадар тамоман бесоҳиб мондам, дигар касе набуд, ки маро пуштибонӣ кунад. Аз зарбаи мушту лагади падари бадмаст ҷонам ба лаб расида буд. Моҳҳову солҳо сипарӣ мегаштанду ман ба як духтари зебою паричеҳра табдил ёфтам. Афсӯс мехӯрдам, ки бо ин ҳусни зебо савод надорам.

Баъзан ба худ андеша мекардам, ки агар дар оилаи тинҷу осуда ба воя мерасидам, мактаб хонда соҳиби ягон касб мешудам. Як рӯз падарам аз ҳад зиёд нӯшида ба хона омаду ҳама шишаҳои дару тирезаҳои амакамро зада майда кард. Амакҳоям низ аз падарам безор шуда, аз байни ҳавлӣ девор бардошта, хонаи моро ҷудо карданд.

Акнун нигоҳубини падарам пурра ба дӯши ман буд. Танҳо янгаи хурдиям гоҳ-гоҳ ба мо хӯрок меоварду аз ҳоли ман хабар мегирифт. На дугона доштаму на ягон хешу табор аз дари мо медаромад. Мисли кабки дар қафас будам. Як рӯз падарам дар хона набуду янгаам маро ба тӯй бурд. Дар ҳамон маърака ҷавоне маро таги чашм карда, талабгор шудааст.

Чанд рӯз пас он ҷавон ба хонаи мо хостгор фиристод, вале падарам рози нашуд. Чунки имконияти тӯй карданро надошт. Хостгорҳои он ҷавон, ки Шерзод ном доштааст, дари хонаамонро охурча карданд. Онҳо ваъда доданд, ки хароҷоти тӯйро пурра ба гардан мегиранд. Ниҳоят падарамро розӣ кунониданд.

Шаби никоҳ аз танҳоиву бемодариям мегиристаму сахт парешонхотир будам. Фаромӯш кардам, ки дар болои сарам мулло истодасту розигии маро мепурсад. Овози ғазабноки падарам маро ба ҳуш овард. “Барои чӣ муллоҳоро ин қадар мунтазир мекунӣ” гӯён, падарам дар пеши меҳмонҳо ду-се мушт ба сарам зад. Он шаб баъди рафтани меҳмонҳо падарам маро чунон лату куб кард, ки аъзои баданам сиёҳу кабуд шуд.

Шабро ба гиря рӯз кардам. Касе надоштам, ки ба ӯ рози дил бигӯям, танҳо янгаи хурдиям огоҳӣ дошту халос. Хулас, маро бо ду курпаю ду курта ба хонаи бахтам гусел карданд. Шукр мекардам, ки аз азобу машақати хонаи падар халос шудам, вале...
Шаб ҳодисаи нохуше рӯй дод, ки азобҳои кашидаам дар пеши ин ҳодиса ҳеҷ буд. Домод бо дидани бадани сиёҳу кабуди ман якбора оташ гирифта, ба сарам дод зада гуфт:
-Ту фоҳиша будаӣ, мо бехабар. Кадом буқа туро ба ин ҳол овард? Шерзод маро лату кӯб карда, номи ошиқамро мепурсид. Шарм медоштам, ки бигӯям ин кори падарам аст. Шерзод аз фиқ-фиқ гиристани ман асабӣ шуда, аз ҳеҷ кас маслиҳат напурсида, худи ҳамон шаб маро оварда, ба хонаи падарам партофт. Ҳама ҳайрон монданд, ки ин духтар тамоман аз хона берун намебаромад, ба ӯ чӣ шуда бошад. Воқеаро ба янгаам нақл кардам.

-Падари майхораат ҳаёти духтарашро бо дасти худаш сӯхт,- мегуфт янгаам. Болои сухта намакоб гуфтагӣ барин, падари беномусам “маро шарманда кардӣ гӯён, шабона маро аз хонааш пеш кард. Янгаам маро дар хонааш ҷо дод. Аз шарми ҳамсояҳо дар ҳавлӣ гаштугузор намекардам. Як бегоҳ мошине назди хонаи падарам қарор гирифт ва хусуру хушдоманам аз мошин фаромада, назди падарам даромаданд. Онҳо то паси шаб аз падарам бахшиш пурсида, зораю тавалло карданд, ки мо келинамонро гирифта мебарем. Ӯ гуноҳ надоштааст, инҷо иштибоҳе шудааст. Онҳо аз саргузашти талхи ман дертар огаҳ шудаанд. Хулас, хусуру хушдоманам падарамро розӣ кунонида, дубора маро ба хонаи бахтам бурданд. Шавҳарам аз ман узр мепурсид. Аҳли хонавода бо ман чунон меҳрубон буданд, ки бори аввал медидам чӣ гуна будани меҳрубониро. Аз тӯям ду-се моҳ гузашту касе ба хабаргириам намеомад.

Аз хусуру хушдоманам шарм дошта, аз бекасиям мегиристам. Хушдоманам тассалӣ дода мегуфт, ки “ту келин не, балки духтари мо ҳастӣ”. Тоқат накарда, рӯзе ба падарам занг задам. Падарам дар ҷавоб гуфт, ки ба хона зан овардаасту дигар сари ӯро гаранг накунам. Телефонро хомӯш карда, зор-зор гиристам. Хушбахтона рӯзе бародарам ҳамроҳи модарам бо тӯҳфаҳои зиёде ба суроғам омаданд.

Модаре, ки 15 сол боз ӯро надида будам, ниҳоят аз дар даромаду сари маро ба осмон расонд. Азобҳои кашидаам дар як лаҳза аз пеши чашмонам дур шуданд. Хурсандиам ҳадду канор надошт. Шукрона мекардам, ки дер бошад ҳам, Худованд чашми раҳмат ба сӯи ман боз кард ва маро ба чашидани шарбати бахт муяссар гардонид.С.Рабиева

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД