Arzon march 2024
АЗ ПИНҲОНИ ОИЛАДОР ШУДАНАМ, ШАРМ МЕДОРАМ!
05.09.2020
Р. Азимӣ
6587

 

МГУ–и Москавро бо ихтисоси программист–дизайнер хатм намудам. Яке аз устодонам дар шаҳри Новосибирск фирмаи хусусӣ доштааст, вай ба ман пешниҳод кард, ки дар корхонааш ба кор дароям. Маоши калон ваъда кард. Розӣ шудам. Корам ба муштариёни ширкат писанд омада дар муддати кӯтоҳ ҳамчун дизайнери бомаҳорат ном баровардам.

Дар фирмаи мо як духтараки зебои чечен кор мекард. Оҳиста-оҳиста мо бо ҳамдигар унс гирифтем. Азбаски бисёр хушрӯй буд, ҳар як муштарии нав омада бо ягон баҳона ба ӯ гап мепартофту кирми рашк вуҷуди маро мехӯрд. Эҳсос намудам, ки ба чечендухтар ошиқи зор шудаам. Пурсуҷӯ карда фаҳмидам, ки духтарак сағера будааст, меҳру муҳаббатам ба ӯ боз ҳам бештар гашт. Бероҳа нашавад гуфта дарҳол пешниҳоди издивоҷ намудам. Қабул кард. Чечендухтар бошад ҳам, аз сабаби дар байни русҳо калон шуданаш вай тамоман аз ислом хабар надошт.

Дар муддати кӯтоҳ нозукиҳои дини мубини исломро ба ӯ фаҳмондам, баъд тӯйи хубе ороста зану шавҳар шудем. Дар тӯйи мо ҳатто сарояндаҳо аз Тоҷикистон иштирок намуданд. Раисамон ба мо якмоҳа истироҳат доданист. Дилам мехоҳад арӯсамро ба Ватан биёрам, вале боз андеша мекунам, ки чечендухтарро дар Тоҷикистон чӣ хел қабул мекарда бошанд?

Далер, аз Новосибирск

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД