goodwell
Ба бекорон барои машғул шудан ба соҳибкорӣ зиёда аз панҷи миллион сомонӣ кӯмак расонданд
28

 

Бо мақсади мусоидат намудан ба ҳалли масъалаи бекорӣ ва ташкил кардани ҷойҳои кории нав дар шаш моҳи соли равон ба 1256 нафар шаҳрвандони бекор, ки хоҳиши бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуданро доштанд, дар ҳаҷми 5 миллиону 871, 9 ҳазор сомонӣ кӯмаки молиявӣ расонида шудааст. Дар ин бора дар гузориши матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ маълумот дода шудааст. 

Аз ҷумла барои рушди фаъолияти истеҳсолӣ ба 551 нафар дар ҳаҷми 2 миллиону 556, 9 ҳазор, барои пеш бурдани фаъолияти тиҷоратӣ ба 204 нафар ба маблағи 961, 4 ҳазор, барои хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба 501 нафар ба маблағи 2 миллиону 353, 6 ҳазор сомонӣ кӯмаки молиявӣ расонида шудааст.

Бо мақсади дастгирии соҳибкории хурду миёна ба 659 нафар занон ба маблағи 2 миллиону 922, 1 ҳазор ва ба 243 нафар ҷавонон ба маблағи 1 миллиону 108, 3 ҳазор ва барои эҳъё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ба 406 нафар ба маблағи 1 миллиону 826, 4 ҳазор сомонӣ кӯмаки молиявӣ расонида шуд.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД