arzon replenishment
БА ДОДАМ РАСЕД, МУҲТАРАМ  РАҲИМЗОДА РАМАЗОН ҲАМРО
3705

Ман Самадов Мирзохуҷа Назирхуҷаевич, маъюби гурӯҳи якум мебошам. Бо аҳли оила зиндагӣ мекунам. Санаи 7 июли 2020, тақрибан соати 21:40 -и шаб
ба ташаббуси муҳофизи биноямон Нуров Пулод ва ҳамсоямард Ализода Исо аз пушти кӯдаки ҳамсояе, ки кӯдаки майда тугмачаи "домофонаш"-ро зер мекунаду мегурезад, ба тӯҳмати ногаҳонӣ гирифтор гашта, дар бало мондем.

Ализода Исо гумон кардааст, ки ин корро на кӯдаки ҳамсоя балки фарзанди ман кардааст, ба хонаам ворид шуда, бе ягон пурсу коб ҳамроҳи 
Нуров Пулод ба ман дарафтода, зери мушту лагат гирифтанд. Баъдан, камераи мушоҳидавиро шикаста, дубора ба ман дарафтоданд ва баъдан занамро лату кӯб карда берун шуданд. Ализода Исо ба ман чандин бор такрор мекард, ки падарам коргари Маҷлиси Олии Маҷлиси Намояндагон буда, акаам корманди Прокуратура ас ва тағоям калони нозирони Андоз мебошанд.

Худам бошам корманди Ревизори Палатаи Ҳисоб мебошам. Ҳатто чанд маротиба ба таҳдид гузашта, гуфт, ки мезанам ягон беморхона туи маюба қабул намекунад. 

Мӯҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро, мӯҳтарам Шариф Раҳмон!
Аз шумо эҳтиромона ҳоҳиш менамоям,ки нисбати ин ҷинояткор чораи зарурӣ андешида, ин муштзӯри пуштупаноҳдорро ба ҷаобгарӣ бикашед. 
Умедворам ин рафтори  Ализода Исо бе ҷазо намемонад.
Бо эҳтиром Самадов М.Н

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД