sebiston july new
Ба донишҷӯдухтарони исфарагӣ ройгон ҳунар меомӯзанд!
895


Шумораи духтарони донишҷӯ зиёда аз 50 фисадро ташкил дода, бештарашон барои таҳсил аз деҳаҳо меоянд.

Онҳоро ба курсҳои пазандагӣ ва дузандӣ, ки ройгон аст, ҳамчунин ба забономӯзӣ ҷалб менамоем. Дастгирии духтарон аз тарафи раёсати донишгоҳ ва расидагӣ кардан ба мушкили онҳо яке аз самтҳои асосии фаъолияти рӯзмарраи мо ба ҳисоб меравад.
Ин нуқта дар нишасти имрӯзаи хабарӣ, ки бо иштироки Холиқзода Музаффар, директори филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ва намояндагони ВАО баргузор гашт, иброз намуд. 

Лозим ба ёдоварист, ки филелали донишгоҳ бо донишгоҳҳои хориҷӣ аз ҷумла бо донишкадаю донишгоҳҳои Ӯзбекистон, Белорусия, Федератсияи Русия ва Қазоқистон робитаи хуби ҳамкорӣ дошта, ин равобит дар сайқал додани донишу малакаи донишҷӯён нақши калидиро мебозад.
Дар нишаст атрофи кушодани ихтисосҳои вобаста ба дармонгиёҳӣ сухан рафта, таъкид шуд, ки чунин иқдом барои Исфара хеле зарур ва сари вақтӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД