Ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Варзишгоҳи «Кӯлоб-Арена»-и шаҳри Кӯлоб чорабинии бошукӯҳи варзишию фарҳангӣ баргузор гашт.
Тибқи иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, дар чорабинӣ дастпарварони мактабҳои варзишии шаҳри Кӯлоб таҳти роҳбарии мураббиёнашон ширкат варзида, маҳорату истеъдоди баланди футболбозии худро намоиш додаанд.
Дар ҷараёни фестивал ба зиёда аз 200 нафар кӯдакону наврасон аз ҷониби Федератсияи футболи вилояти Хатлон сарулибоси варзишӣ, тӯбҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ туҳфа карда шуда, иқдоми мазкур шавқу рағбати кӯдаконро ба ин намуди варзиш дучанд гардонидааст.