formula
БА КӢ БОВАР КУНЕМ? ВКД ВА Ё МАЪМУРИЯТИ "АШАН"
2019

Рӯзи гузашта, тақрибан соати 14:20 дар маркази савдои “Ашан” воқеъ дар кӯчаи Дӯстии халқҳо 17-и ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе, сӯхтор ба амал омад. Тибқи изҳороти ВКД сабаби сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳо гуфта шудааст, вале маъмурияти маркази савдои “Ашан” дар саҳифаи фейсбукии худ омили ҳодисаи мазкурро сигори нимсухта донистааст.

Сӯхтор аз ташноб (ҳоҷатхона)-и занона воқеъ дар ошёнаи 3-юм сар зад. То омадани 14 нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ кормандони маркази савдои “Душанбе Молл” ва оҷонсии муҳофизи “Хати сурх” зуд ба хомӯш намудани оташ пардохтанд.

Дар вақти ба маҳалли ҳодиса расидани кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар масоҳати 1 метри мураббаъ шифтро забонаи оташ ва ошёнаи чорумро қисман дуди ғализ фаро гирифта буд.

Дуд тавассусти системаи винтелятсионӣ ба ошёнҳои поёнӣ расида, дар натиҷа системаи ишораовози “Душанбе Молл” фаъол шуд. Ҳамаи муштариён ва кормандоне, ки дар дохили буданд, тахлия шуданд. Касе ҷароҳати ҷисмонӣ набардошт.

“Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврии кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар як вақт тахминан 250 нафар кормандон ва мизоҷон, инчунин миқдори муайяни молу ашёҳои қиматнок аз бинои Маркази савдои мазкур ба ҷойи бехавф таҳлия карда шуда, ҳамзамон роҳҳои паҳншавии оташ дар ҳама самтҳо ба зуддӣ пешгирӣ карда шуда, сӯхтор дар масоҳати аввалааш ба зуддӣ хомӯш карда шуд”-шарҳ медиҳад ВКД.

Дар ҷойи ҳодиса роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва дигар хадамоту мақомотҳои дахлдор ҳузур доштанд.
На ҳамагон аз ҳодисаи мазкур хабар ёфтаанд. Дирӯз бегоҳ мизоҷони зиёд дар назди Маркази савдои “Ашан” ҷамъ омада буданд. Онҳоро муҳофиз гусел мекард. Ҳарчанд исрор мекарданд, то сабаби баста будани дари маркази савдоро ба онҳо шарҳ бидиҳанд, аммо муҳофиз об ба даҳон гирифта буду “Имрӯз кор намекунем” мегуфту халос.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД