new banner new years
Ба хонандагон дар мактаб хӯрок медиҳанд!
2856

Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз ин баъд бо хӯроки гарми як вақта таъмин карда мешавад.

Ин нуқта имрӯз дар як нишаст бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илм, Сафорати Русия дар Тоҷикистон, Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ ва рӯзноманигорон қайд карда шуд.

Адҳам Мусаллам, директори Барномаи озуқавории чаҳонии СММ дар Тоҷикистон дар суханрониаш қайд кард, ки тибқи барномаи мазкур ба мактабҳои Тоҷикистон маводи ғизоӣ ба монандӣ, орд, равған, нахуди зард ва ғайра тақсим карда мешавад. Тибқи барномаи мазкур 2000 хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар бо ғизои гарми яквақта таъмин хоҳанд шуд.

гизоо
Шамил Шамсутдинов, мушовири Сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон дар ин нишаст гуфт, ки Федератсияи Россия барои дастгирии Барномаи ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон ба Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (WFP) 2 миллион доллари ИМА ба таври иловагӣ ҷудо менамояд.
« Россия аллакай беш аз 82 миллион долларро барои Барномаи ғизои мактабӣ дар ҷумҳурӣ дар рӯҳияи иттифоқчигӣ ва шарикии стратегӣ, ки кишварҳои моро 30 сол боз бо ҳам мепайвандад, ҷудо намудааст”, -илова кард ӯ.
Барномаи ғизои мактабӣ калонтарин лоиҳаи Барномаи озуқавории Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон маҳсуб ёфта, аз соли 2013 аз ҷониби Федератсияи Россия маблағгузорӣ мешавад. Дар доираи он хонандагони синфҳои аз 1 то 4 аз 2000 мактаби 52 ноҳия ва шаҳру шаҳракҳои и ҷумҳурӣ мунтазам бо хӯроки гарми солим таъмин карда мешаванд. Дар соли 2021 муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ҳудуди 7 ҳазор тонна маводи ғизоӣ дарёфт карданд, ки имкон дод ҳудуди 440 ҳазор хонандаи мактаб бо ғизо таъмин гарданд.

ххх
Федератсияи Россия барои татбиқи Барномаи ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон 82,1 миллион доллар ҷудо мекунад, аз ҷумла 54 миллион доллар барои кумаки ғизоӣ ва 28,1 миллион доллар барои навсозии инфрасохторӣ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД