formula
Ба Мино кӣ хона тӯҳфа кард?
5702

Мухлиси таронаҳои Мино хастам.

Агар синну соламро гӯям, шояд ба ҳолам бихандед. Ман як пирамарди 58 солаи сокини деҳаи Себистони шаҳри Данғара ҳастам. Аз рӯзе,ки Мино суруди бачаи Данғараро сароид, ман худамро бачаи ҷавон ва ошиқи шайдои Мино ҳис кардам. Мехоҳам бо Мино сари як пиёла чой нишаста, ба ӯ ангуштарини дер боз дар сандуқи хонаам пинҳонкардаро тӯҳфа кунаму муҳаббати диламро баҳраш иброз намоям. Медонам, ки Мино ошиқони зиёд дорад, вале маро ҳам дар ҷавониям духтарони зиёд дӯст медоштанд. Соле, ки ҳамсарам тарки дунё кард, сӯхтам вале сурудхои Мино ва сурати чун фаришта зебояш маро зинда нигоҳ дошт. Бо Мино вохӯрданро орзу дорам. Умедворам Мино паёми маро мехонад ва рӯзе бо ман вомехӯрад. Итминон дорам, ки ҳангоми дидор ӯ аз чашмонам пай мебарад ва дарк хоҳад кард, ки то кадом андоза ман дар ишқи ӯ афгор шудаам. Агар ишқамро рад кунад, ман ҳозирам дар ҳаққи ӯ бимирам. Бар замми ин шунидам,ки ба Мино хонаи наву замонавӣ тӯҳфа кардаанд. Кӣ ба ӯ он хонаро тӯҳфа карда бошад?Сомонаи Оила аз шумо хоҳиш дорам, ки шахсан бо Мино ҳамсӯҳбат шаведу ӯро аз муҳаббати бепоёни ман нисбати ӯ дошта воқиф созед. Дар мавриди хона тӯҳфа гирифтани ӯ низ агар пурсон мешудед, хело бомаврид мешуд.
Бо дидани сурати зани нимурён хун ба сарам зад. Оташи рашк дар вуҷудам аланга зада, то саҳар ҳатто як лаҳза миҷа таҳ карда натавонистам.

-Баъди хондани ин нома ба Мино занг задам.Гӯширо модари Мино бардошта гуфт, ки ӯ бо сабти клипҳои нав машғул ҳасту барои сӯҳбат вақт надорад.

-Холаҷон,шунидем,ки ба Мино аз маркази шаҳр хонаи нав тӯҳфа кардаанд. Ин гапҳо то кадом андоза ҳақиқат доранд?

-Ба Мино ҳеҷ кас хонаи нав тӯҳфа накардааст. Ӯ бо меҳнати ҳалоли хеш он хонаро харидорӣ кардааст.

Азбаски нархи туйгардии Мино хеле гарон аст,ӯ дар муддати кӯтоҳ тавонист аз маблағи ҷамъовардааш хонаи шахсиашро харидорӣ кунад.

-Хостгорони Мино бешуморанд.Чаро то ҳол ӯ ба шавҳар набаромадааст?

-Ман мехоҳам ҳарчи зудтар ӯро ба шавҳар диҳам, аммо ӯ ҳанӯз хеле ҷавонам гуфта, хостори барпо намудани оиларо надорад.

-Ташаккур модари азиз, барои сӯҳбати самимӣ!

-Саломат бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Бобой мерган 2019-12-21, 11:24
Ози и мино ранги духи шидай хама шапидестайша
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Бобой мерган 2019-12-21, 11:24
Ози и мино ранги духи шидай хама шапидестайша
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД