Arzon march 2024
Ба муҳоҷирон дар як моҳ беш аз 1000 евро музди меҳнат медиҳанд
852

Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба таври муташаккилона барои машғул шудан бо фаъолияти меҳнатӣ ба Черногория сафарбар мешаванд. Музди миёнаи меҳнати муҳоҷирон дар ин кишвар 1000 евро мебошад.

Тавре Хуҷаназар Акбаров, Директори марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни суҳбат бо мо гуфт, сафарбарсозии муҳоҷирон ба Черногория моҳи январи соли 2025 ба нақша гирифта шудааст. Шахсоне, ки ба Черногория ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан мехоҳанд, барои номнавис кардан бояд ба марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон, ки дар бинои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ҷойгир шудааст, муроҷиат намоянд.

Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Черногория дар соҳаи сохтмон ва роҳ кор хоҳанд кард. Музди меҳнат вобаста ба навъи кор ва дараҷаи касбияти муҳоҷир аз 1000 евро болотар аст. Муҳоҷирон бо ҷойи зист, хӯроки гарм, либоси корӣ ва корти нақлиётӣ таъмин карда мешаванд.

Аммо маблағи чиптаи ҳавопаймо ва хароҷоти визаро бояд худи муҳоҷир пардохт намояд.

Суҳбати корфармоён бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик охирҳои моҳи декабри соли равон ба нақша гирифта шудааст. Маълумоти бештарро дар ин бора тариқи телефонҳои 225-05-75 ва 225-02-21 гирифтан мумкин аст.

Ёдрас мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 40 давлати дунё барои интиқоли қувваи корӣ шартномаи дуҷониба баста, метавонад муҳоҷирони меҳнатии худро ба ин кишварҳо сафарбар созад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД