Formula july 2024
Ба муҳоҷирон даъватномаи ҳарбӣ месупоранд ё депортатсия мекунанд
669

Кормандони мақомоти қудратии Россия дар Ростов амалиёт гузаронида, ҳуҷҷатҳои муҳоҷирони меҳнатиро тафтиш карда истодаанд. Дар рафти рейд ба бархе аз муҳоҷирони меҳнатӣ даъватномаи ҳарбӣ месупоранду гурӯҳеро аз қаламрави Россия депортатсия мекунанд. Дар ин бора расонаҳои русӣ, аз ҷумла Рanram.ru хабар додааст.

Манбаъ дар такя ба Маркази матбуоти ВСУ СК Россия навиштааст, ки кормандони пулис дар якҷоягӣ бо кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ рейд гузаронида, дар корхонаҳои истеҳсолӣ, сохтмонҳо ва дигар ҷойҳое, ки шумораи зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ кору фаъолият менамоянд, ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони хориҷиро тафтиш мекунанд. Алакай дар ду ноҳияи Ростов амалиёт гузаронида шуда, кормандони пулис дар якҷоягӣ бо намояндагони комиссариатҳои ҳарбӣ дар як сохтмони азим дар Аксай ва дар як сохтмони дигар дар Задонско-Багаевский район ҳуҷҷатҳои 1 782 нафарро тафтиш намудаанд.

Дар натиҷа ба 44 муҳоҷир даъватномаи ҳарбӣ супурда шуда, онҳо барои ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Россия ба хизмат рафтан номнавис карда шудаанд.

Дар рафти амалиёт зиёда аз 50 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд: 14 нафар барои вайрон кардани тартиби вуруд ва будубош дар қаламрави Федератсияи Россия, 20 нафар барои машғул шудан бо фаъолияти меҳнатии ғайриқонунӣ, 2 тан барои гузаштани муҳлати муроҷиат барои гирифтани патент, 14 нафар барои вайрон намудани қоидаҳои будубош, 2 кас барои ба таври ғайриқонунӣ ба фаъолияти меҳнатӣ ҷалб кардани муҳоҷирон.

Бар замми ин, дар рафти амалиёт 2 нафар барои тартиб додани ҳуҷҷатҳои сохта ва ба таври қалбакӣ дар қайд гузоштани муҳоҷирон ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Дар маҷмуъ, аз оғози соли 2024 дар минтақаи Ростов ба зиёда аз 300 нафар муҳоҷирон даъватномаи ҳарбӣ супурда шуда, онҳоро дар комиссариатҳои ҳарбӣ ба қайд гирифтаанд. Аз ин шумора 23 нафар барои адо намудани хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Россия шартнома имзо намуда, 10 нафар тибқи шартнома алакай хизмат карда истодаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД